Кадом маҳсулот дар моҳи Рамазон қимат шуду кадомаш арзон?

Мо нархҳоро ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар рӯзи якум ва рӯзи охири моҳи Рамазон муқоиса кардем ва чунин натиҷа ҳосил шуд. Барои мониторинг (санҷиш) бозори гаронтарини пойтахт – “Меҳргон”-ро интихоб кардем. Аз ин рӯ, нархҳо дар бозори назди хонаи шумо шояд пасттар бошанд. Инак:  Нархҳо боло мераванд. Ва ин сабаб дорад… Дар муқоиса бо аввали сол […]

Исматулло Абдуллоев, Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мо нархҳоро ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар рӯзи якум ва рӯзи охири моҳи Рамазон муқоиса кардем ва чунин натиҷа ҳосил шуд.

Барои мониторинг (санҷиш) бозори гаронтарини пойтахт – “Меҳргон”-ро интихоб кардем. Аз ин рӯ, нархҳо дар бозори назди хонаи шумо шояд пасттар бошанд.

Инак: 

Нархҳо боло мераванд. Ва ин сабаб дорад…

Дар муқоиса бо аввали сол дар аввали моҳи апрел нархҳо ба баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ поин рафтанд.

Нархи миёна ба як халта орди навъи якум 2% – аз 275 дар моҳи январ то 270 сомонӣ дар аввали моҳи апрел поин рафт. Дар баробари орд, макарон низ арзон шуда, нархи навъҳои маҳаллӣ аз 10 то 9 сомонӣ паст шуд.

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи поинравии нархи пиёз, картошка, равғани растанӣ ба андозаи аз 1% то 5% маълумот медиҳад.

Дар ин давра ба ҳисоби миёна қаланфури булғорӣ, бодинҷон (баклажан), лаблабу, сирпиёз, себ, нок, ангур нисбатан назаррас – 10-15% зиёд шуданд. Нархи бодирингу помидор, лимӯ ва мандарин, биринҷ, маҳсулоти гӯшту шир, чой, қаҳва то 5% боло рафт.

Коршиносон болоравӣ ва поинравии нархҳоро ба ду сабаб марбут медонанд. Аввалан, барзиёдии маҳсулот дар бозор, қисме аз онҳо дар Тоҷикистон парвариш ёфтаанд, масалан, пиёз ва сабзӣ. Сониян, маҳсулоти дигар аз талаботи бозор зиёд ворид карда шудааст, масалан шакар (қанд) ва равған.

Сабаби қиматшавӣ низ мутаносибан дуто аст – истеҳсоли нокофӣ, масалан мева ва камшавии воридоти он аз дигар кишварҳо.

Нархи маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли худӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба мавсими нашъунамои сабзавоту мева вобаста аст. Охири моҳи апрел пиёзу сабзии тару тоза, мева ва буттамеваҳои тезпаз ба бозор бароварда шуда, ин ба нарх таъсир мерсаонад ва онҳо боз поинтар рафта метавонанд.

Дар робита ба маҳслуоти саноатӣ, ба ақидаи коршиносон, ба нархи онҳо қурби асъор, нақлиёт ва аз ҳама муҳимаш нархи истеҳсолкунанда таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.