Эмомалӣ Раҳмон: “Мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд гуфт, бояд “шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”. Инчунин, сарвари давлат таъкид кард, ки “мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”. Ин нукотро Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз дошт, ки навори онро ТВ “Тоҷикистон” нашр кардааст. Сарвари давлат […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд гуфт, бояд “шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”. Инчунин, сарвари давлат таъкид кард, ки “мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”.

Ин нукотро Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз дошт, ки навори онро ТВ “Тоҷикистон” нашр кардааст.

Сарвари давлат гуфт, “дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “ин яке аз вазифаҳои роҳбарон аст, аз роҳбари давлат сар карда то тамоми зинаҳои хидматчиёни давлатӣ, тамоми соҳибкорон, ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик аст, ки технологияи ҳозирзамон ворид кунем ва ҷойҳои нави кори бунёд кунем”.

“Мо нагузорем, ки мардуми мо муҳтоҷ ба дигрон шаванд! Нагузорем! Мо нангу номус дорем! Мо намегузорем, ки ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”, – таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ бидуни зикри мушаххас иброз дошт, ки “ман мефаҳмам, ин мушкилиҳо муваққатӣ ҳастанд ва яку якбора ҳамаи онро паси сар кардан бисёр душвор аст. Лекин (паси сар, – идора) мекунем, иншоаллоҳ, ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст!”.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даҳҳо иншоотро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.