Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард

Date:

Амрико барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии мавзеи таърихии Панҷакенти куҳан 186 ҳазору 766 доллари ИМА ҷудо кардааст. Дар ин бора сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер зимни сафараш ба Панҷакент хабар дод.

Манбаъ мегӯяд, ки ин маблағ дар чаҳорчӯби барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ (AFCP) ҷудо гардида, барои кашидани панҷарадевор дар гирди ёдгорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии чор сохтмони аслии Панҷакенти бостонӣ, тармими маъбади зардуштии асрҳои V-VIII, боқимондаи девори мудофиавии асри V, толори меҳмонпазироӣ бо номи Рустамномаи асрҳои VII-VIII, девори мудофиавӣ-манораи кунҷӣ – асрҳои V-VIII ва бехатарӣ ва ҳифзи мавзеъ бо гузоштани девори периметрӣ пешбинӣ шудааст.

“Бароям боиси ифтихор ва шараф аст, ки мо натиҷаи ҳамкориҳоямонро дар самти нигаҳдории шаҳри бостонии Панҷакент таҷлил мекунем. Барои Сафорати ИМА дастгирии барқарорсозии ин шаҳри бостонии Роҳи Абрешим яке аз пурмаънотарин роҳи ибрози эҳтиром ва қадрдонӣ ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон аст”, – гуфтааст сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Мануэл П. Микаллер зимни сафари худ ба шаҳри Панҷакент бо Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент мулоқот карда, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ ва имкониятҳои рушдро баррасӣ кардаанд.

Инчунин, Микаллер бо ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мулоқот карда, бо донишҷӯён сӯҳбат кардааст.

Дар идома, ӯ аз Маркази амрикоӣ дар шаҳри Панҷакент, шаҳраки бостонии Саразм ва оромгоҳ ва осорхонаи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд дидан карда, бо ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент мулоқот кардааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 2001 инҷониб Хазинаи сафирони ИМА дар Тоҷикистон 17 лоиҳаро маблағгузорӣ намуда, барои нигаҳдории мероси фарҳангии кишвар қариб 800 000 доллар ҷудо кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...