Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад

Дар Тоҷикистон дар моҳҳои май ва июн бинобар рӯзҳои ид ду рӯзи корӣ ба рӯзҳои истироҳат иваз карда мешавад. Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд, ин тасмим аз ҷониби ҳукумати кишвар “ба хотири роҳати сокинони кишвар, беҳбуди реҷаи корӣ ва истеҳсолот" гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи қарор, рӯзи шанбеи […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дар моҳҳои май ва июн бинобар рӯзҳои ид ду рӯзи корӣ ба рӯзҳои истироҳат иваз карда мешавад.

Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд, ин тасмим аз ҷониби ҳукумати кишвар “ба хотири роҳати сокинони кишвар, беҳбуди реҷаи корӣ ва истеҳсолот" гирифта шудааст.

Аз ҷумла, тибқи қарор, рӯзи шанбеи 4 май рӯзи корӣ ва ҷумъаи 10 май рӯзи истироҳат эълон шудааст.

“Рӯзи Ғалаба рӯзи 9 май (панҷшанбе) таҷлил мешавад ва ид аст ва рӯзи дигар, 10 май низ рӯзи истироҳат хоҳад буд. Бо дарназардошти рӯзҳои шанбе (11 май) ва якшанбе (12 май) сокинони кишвар метавонанд ба таътили тӯлонӣ бароянд”, – қайд карданд дар ин ниҳод.

Дар моҳи июн ин тағйирот ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн (панҷшанбе) таҷлил мешавад ва ҳамзамон рӯзи истироҳат аст, вобаста мебошад.

“Яъне рӯзи шанбеи 22 июн рӯзи корӣ ва ҷумъаи 28 июн рӯзи истироҳат хоҳад буд. Мутаносибан, бо назардошти рӯзҳои шанбе ва якшанбе, 4 рӯз истироҳат кардан мумкин аст”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст