Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад

Дар ин бора созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) имрӯз, 30-юми апрел, ба имзо расид. Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Одил Рено-Бассо, президенти БАТР, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имзо карданд.   Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, ин роҳи дусатҳа бо 28 млн 450 ҳазор […]

Asia-Plus

Дар ин бора созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) имрӯз, 30-юми апрел, ба имзо расид. Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Одил Рено-Бассо, президенти БАТР, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имзо карданд.  

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, ин роҳи дусатҳа бо 28 млн 450 ҳазор евро қарзи БАТР сохта мешавад.

“Ҳадафи татбиқи созишномаи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» ин баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои болозикр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад”,- гуфт шудааст дар хабари Вазорати молия.

Муҳлати оғози сохтмони роҳи дуқабата гуфта нашудааст.

Дар баробари ин созишнома ҳамчунин байни Тоҷикистон ва БАТР созишномаи қарзии лоиҳаи  “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод” ба имзо расид, ки мақсади он барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия мебошад.

Маблағи лоиҳаи мазкур 1 млн 350 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои пӯшонидани норасогии маблағ дар татбиқи лоиҳа равона мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст