Исроил пешниҳоди Байденро дар бораи Ғазза пазируфт

Исроил бо бандҳои асосии барномаи пешниҳодии Ҷо Байден, президенти ИМА дар бораи оташбас дар Ғазза розӣ шудааст. Дар ин бора мушовири сарвазири Исроил Офир Фалк ба нашрияи "Sunday Times" хабар додааст. Фалк ҳамзамон қайд карда, ки тарҳ нокомил аст ва бояд ба таври назаррас коркард карда шавад. "Созише, ки мо ба он розӣ шудем, чандон […]

centralasian.org

Исроил бо бандҳои асосии барномаи пешниҳодии Ҷо Байден, президенти ИМА дар бораи оташбас дар Ғазза розӣ шудааст.

Дар ин бора мушовири сарвазири Исроил Офир Фалк ба нашрияи "Sunday Times" хабар додааст. Фалк ҳамзамон қайд карда, ки тарҳ нокомил аст ва бояд ба таври назаррас коркард карда шавад.

"Созише, ки мо ба он розӣ шудем, чандон хуб нест, вале мо мехоҳем гаравгонҳо озод шаванд", – изҳор доштааст ӯ.

Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 31-уми май тарҳи оташбас дар Ғаззаро, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.

Дар бахши аввали тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, ки аз се марҳила иборат аст, гуфта шудааст, ки бар ивази оташбаси шашҳафтаина нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои аҳолинишини Ғазза берун мешаванд ва ҲАМОС бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фаластинӣ асирони зану солманд ва маҷрӯҳро раҳо мекунад. Оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худ бармегарданд ва рӯзе то 600 мошини боркаш бо кумакҳо вориди Ғазза хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оворагон бояд дар ин муддат ҳазорон сарпаноҳи муваққатӣ фиристанд. Агар ин марҳила бо муввафақият пеш рафт, ба пешниҳоди Ҷо Байден, онгаҳ тамоми гаравгонҳоро ҲАМОС бар ивази берун шудани низомиёни Исроил аз Ғазза ва эълони оташбаси доимӣ раҳо мекунад. Дар марҳилаи сеюм ҷасади гаравгонҳои фавтида ба Исроил супурда мешаванд ва тарҳи бозсозии Ғазза бо иштироки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз мегардад.

ҲАМОС, созмони террористӣ дар Амрико ва Аврупо пешниҳоди Ҷо Байденро дар бораи оташбас дар Ғазза “мусбат” номидааст.

Дар изҳороти ҲАМОС, ки онро хабаргузории Ройтерз иқтибос кардааст, гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ ҳар пешниҳод бар ивази оташбаси доимӣ, раҳоии маҳбусони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил ва бозсозии Ғаззаро қабул дорад.

Шаби 1-уми июн ҳазорон нафар дар Исроил даст ба эътироз заданд ва аз ҳукумат хостанд, ки ба оташбас розӣ шуда, гаравгонҳоро раҳо намоянд.

Ҷо Байден гуфтааст, ки ҲАМОС дигар қудрате надорад, ки ба Исроил таҳдид кунад ва тавоноиҳояш заиф шудааст.

Ҷанг дар Ғазза пас аз 7-уми октябри соли 2023, замоне, ки ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард, оғоз шуд. ҲАМОС он рӯз беш аз 1200 нафарро дар Исроил кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард ва дар ин ҷанг беш аз 36 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксараш занону кӯдакон ҳастанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум кардаанд ва борҳо аз ин кишвар хостанд, ки аз куштани аҳолии осоишта даст кашад. Исроил то кунун ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуш надодааст ва ҳашт моҳ боз Ғаззаро аз осмону замин оташборон мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.