“Аз консерт бо табъи болида мебароед!”. Писару набераи Аҳмад Зоҳир меҳмони “Азия-Плюс” шуданд

Имрӯз Ришод Зоҳир ва Ёсин Зоҳир, писару набераи хунёгари шарқ Аҳмад Зоҳир меҳмони “Азия-Плюс” шуданд ва перомуни хотироти дошта ва марги Аҳмад Зоҳир, дидорашон аз Тоҷикистон ва барномаи консертии “Аз сафар хуш омадӣ” ҳарф заданд. Ришод Зоҳир аз тассуроташ дар бораи нахустин сафараш ба Душанбе ҳарф зада, гуфт, ки “то кунун миллате ба мисли тоҷикон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Ришод Зоҳир ва Ёсин Зоҳир, писару набераи хунёгари шарқ Аҳмад Зоҳир меҳмони “Азия-Плюс” шуданд ва перомуни хотироти дошта ва марги Аҳмад Зоҳир, дидорашон аз Тоҷикистон ва барномаи консертии “Аз сафар хуш омадӣ” ҳарф заданд.

Ришод Зоҳир аз тассуроташ дар бораи нахустин сафараш ба Душанбе ҳарф зада, гуфт, ки “то кунун миллате ба мисли тоҷикон меҳмоннавозро надида будам”.

“Мо 4 рӯз мешавад, ки вориди Душанбе шудаем ва то кунун дар меҳмоннавозии ҳамзабонону ҳаммилатони худ будем. Бо бисёр овозхонҳои тоҷик вохӯриву шабнишинӣ доштем. Сурудҳои падарамро дар наздам месароиданд. Ман бисёр роҳат кардам, бисёр шодам”, – гуфт Ришод Зоҳир.

Ӯ дар бораи муҳаббат ба Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон таъкид карда ва кӯтоҳ перомуни марги падараш гуфт, ки “Аҳмад Зоҳирро куштанд”. Дигар дар ин бора ҳарф назад, вале афзуд, ки талош дорад шаби ёдбуди падарашро хотирмон гузаронад.

Ришод Зоҳир гуфт, ки чанд рӯз боз ҳамвора ба консерти ёдбудии “Аз сафар хуш омадӣ” омодагӣ мебинанд ва вақти каме дар пешорӯ доранд ва илова кард, “ба ҳама меҳмонҳои ин барнома ваъда медиҳам, ки аз консерт бо табъи болида мебароянд”.

Бояд гуфт, ки Ришод Зоҳир бо писараш Ёсин Зоҳир рӯзи 9-уми июн вориди Душанбе шуданд ва ду ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон мемонанд.

Рӯзи 11-уми июн Ришод Зоҳир ва писараш Ёсин Зоҳир бо рӯзноманигорони тоҷик вохӯрда ва нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Онҳо шоми 14-уми июн бахшида ба рӯзи мелод ва марги Аҳмад Зоҳир дар Кохи Суруш таҳти унвони “Аз сафар хуш омадӣ!" шаби ёдбуд баргузор мекунанд.

Интизор меравад, ки дар ин шоми ёдбуд чанде аз сарояндаҳои номдори кишвар, ки дар пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир сурудхонӣ намудаанд, иштирок хоҳанд кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ришод Зоҳир ҳам овозхон аст ва дар аввал таронаҳои падарашро бозхонӣ мекард. Соли 1987 дар 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони “Гули интизор” нашр кард ва то кунун даҳҳо консерт баргузор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омада ва дар овони ҷавонӣ бо оҳангҳои қолабшикан шӯҳрати зиёдро ба даст овард ва дар авҷи маъруфияташ рӯзи 14-уми июни соли 1979 дар 33-солагӣ ба қатл расонида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.