Ба Душанбе боз 2000 кирокаши барқии нав ворид мегардад

Дар Душанбе 18-уми июн рӯнамоии ширкати нави кирокашӣ – “Эко-такси”, ки танҳо бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ мекунад, баргузор гардид. Дар он намояндагони шаҳрдорӣ, ронандагон ва сокинон иштирок намуданд. Ба иттилои роҳбарияти ширкат, айни ҳол, барои хидматрасонӣ ба сокинон 400 нақлиёти барқӣ ворид шудааст ва онҳо аз пагоҳ, 19-уми июн, ба кор оғоз мекунанд. “Дар умум, […]

Asia-Plus

Дар Душанбе 18-уми июн рӯнамоии ширкати нави кирокашӣ – “Эко-такси”, ки танҳо бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ мекунад, баргузор гардид. Дар он намояндагони шаҳрдорӣ, ронандагон ва сокинон иштирок намуданд.

Ба иттилои роҳбарияти ширкат, айни ҳол, барои хидматрасонӣ ба сокинон 400 нақлиёти барқӣ ворид шудааст ва онҳо аз пагоҳ, 19-уми июн, ба кор оғоз мекунанд.

“Дар умум, мувофиқи нақша, бояд 2000 нақлиёти барқӣ харидорӣ шаванд ва дар ин бора “Эко-такси” бо ширкати чинии GAC Motor International Limited шартнома ба имзо расонидааст”, – гуфт Замира Ғаюрова, роҳбари ширкат.

Ба қавли ӯ, дар оянда ният доранд фаъолияти худро васеъ намуда, хидматрасонӣ тавассути нақлиёти барқиро дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ширкати мусофиркашонӣ дар кишвар аст, ки пурра тавассути нақлиёти барқӣ хидмат мерасонад.

Инчунин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ махсус барои нақлиёти барқӣ рақамҳои сабз роҳандозӣ кардааст ва минбаъд тамоми нақлиёти барқӣ, аз ҷумла кирокашҳои ширкати мазкур бо чунин рақам фаъолият хоҳанд кард.

Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.