Либоси “бегона” ва идгардак манъ мешавад? Маҷлиси миллӣ пагоҳ мавқеашро муайян мекунад

Пагоҳ, 19-уми июн, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, палати болоии парлумон, тарҳи қонуни пурбаҳс дар бораи танзими ҷашну маросимро баррасӣ мекунанд, ки дар асоси он, пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб ва идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамзону Қурбон манъ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумон Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 19-уми июн, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, палати болоии парлумон, тарҳи қонуни пурбаҳс дар бораи танзими ҷашну маросимро баррасӣ мекунанд, ки дар асоси он, пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб ва идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамзону Қурбон манъ аст.

Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумон Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.

Лоиҳаи қонун аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номид.

Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Ҳамчунин, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, ки сатрашонро кашанад ва ё онро ба усули тоҷикӣ банданд. Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.

Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

Чунин сангаргириҳо дар манъи идгардаки кӯдакон низ буд. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.

Ҳамакнун, пагоҳ, 19-уми июн, дар  даъвати шашуми иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар баробари дигар қонунҳо тарҳи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ мешавад ва маълум мегардад, ки ҷонибдорӣ меёбад ё не.

Ба иттилои Маҷлиси миллӣ, иҷлосия соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад.

Дар он ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Ба таври маъмул рӯзноманигорон дар ин иҷлосия роҳ намеёбанд.

Дар сурати қабул шудани тарҳи қонуни танзим аз сӯи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, он танҳо баъди имзои Эмомалӣ Раҳмон ва нашр дар расонаҳо қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.