“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи “либоси бегона”

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона" ҳимоят карда, гуфтааст, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад. Ӯ дар пайи гуфтугузорҳо дар бораи манъи воридот, фурӯш ва пӯшиши “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар ТВ “Тоҷикистон” муқаррароти исломии ин масъаларо шарҳ дод. Вай гуфт, шариати ислом меъёри либоспӯширо барои марду зан муайян кардааст ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона" ҳимоят карда, гуфтааст, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ӯ дар пайи гуфтугузорҳо дар бораи манъи воридот, фурӯш ва пӯшиши “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар ТВ “Тоҷикистон” муқаррароти исломии ин масъаларо шарҳ дод.

Вай гуфт, шариати ислом меъёри либоспӯширо барои марду зан муайян кардааст ва дар мувофиқат бо он мо метавонем, ки либоси миллии худро пӯшем.

“Миллати тоҷик либоси хоси худро дорад. Миллати араб ҳам либоси хоси худро дорад. Ҳар миллате либоси хоси худро дорад ва бо либоси хоси худ меъёрӣ шаръӣ риоя шавад. Ин муҳим аст, дигараш муҳим нест. Ҳатмӣ нест, ки мо ба либосҳои бегона пайравӣ ва тақлиди кӯркурона кунем”, – гуфт раиси Шӯраи уламо.

Абдуқодирзода илвоа кард, ки “мувофиқи шариати ислом либос бояд тангу часпидаву тунук бояд набошад, баъзеҳо гӯё сатр доранд, вале он тунуку танг аст, ки тамоми узвҳои бадан зоҳир мешавад. Ин сатр нест”.

Ӯ бо овардани ояти мубораки Қуръон гуфт, ки “мо бояд либосе пӯшем, ки бо тақво рост ояд”.

Ғайр аз ин, Абдулқодирзода гуфт, пӯшидани “либоси шӯҳрат”, яъне либосе, ки инсон аз он фахр мекунад, аз дигарон худро боло меҳисобад ё таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб месозад, макрӯҳ аст”.

Ӯ дар ин робита тоҷиронро ба он муттаҳам кард, ки “либосҳои тангу тунукро сӯистифода аз дин “либоси исломӣ” гӯён мефурӯшанд”.

“Мутаасифона, имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри мо чунин либосҳои тангу зиёҳу дигар анвои таваҷҷӯҳро ҷалбкунанда зиёд шудааст, ки инсонро ба фисқу фуҷур мебарад ва аз муқаррароти ислом дур аст”, – гуфт муфтии кишвар.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ мекунад, ибрози нигаронӣ доранд.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номидааст.

Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либосҳо “ба фарҳанги миллӣ бегона”-анд ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

Ин муқаррароти қонун байни ҷомеа баҳсу гуфтугузорҳо дар бораи манъи либосро ба миён овард. Бархе сокинон шикоят, мекунанд, ки мақомот заноне, ки сатр доранд дар кӯчаҳо боздошта талаб мекунанд, ки сатри худро кашанд ва ё онро мисли рӯймол банданд.

оиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳоло барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ равон карда шуд. Маълум нест, ки тағйироти нави қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллӣ пазируфта мешавад ва ё на. Палатаи болоии парлумон ин лоиҳаро рӯзи 19-уми июн ба баррасӣ хоҳад кашид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.