Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд

Марде дар вилояти Суғд барои куштори дӯстдухтар ё ҳамзисташ дар ҳузури кӯдаки сесола 16-сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ, аз ин мард Боймурот Норови 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти  Далёни болои ноҳияи Деваштич (Ғончии пешина) ном бурдааст, ки аввали моҳи декабри соли 2023 аз ҳиссиёти рашк Фархунда […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Марде дар вилояти Суғд барои куштори дӯстдухтар ё ҳамзисташ дар ҳузури кӯдаки сесола 16-сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ, аз ин мард Боймурот Норови 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти  Далёни болои ноҳияи Деваштич (Ғончии пешина) ном бурдааст, ки аввали моҳи декабри соли 2023 аз ҳиссиёти рашк Фархунда Бобоҷонова, ки бо ӯ дар никоҳи мусулмонӣ буд, ба қатл расонидааст.

Ҳукмро Фирдавс Ҳусайнзода, додраси додгоҳи вилоятӣ содир кардааст.

Аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, Боймурот Норов бо Хосият Норова, духтари амакаш никоҳи расмӣ ва аз ӯ 3 фарзанд дошт. Вале соли 2018 бо Фархунда Бобоҷонова, сокини шаҳраки Ғончӣ тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо карда, бо як писар зиндагӣ мекард.

“Норов пайваста аз рафторҳои Фархунда Бобоҷонова шубҳа карда, тахмин мекард, ки ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардҳои бегона сӯҳбат мекунад. Рӯзе мехоҳад, ин масъаларо бо Бобоҷонова ба миён гузорад, вале нофаҳмӣ ба миён омада, ҷанҷол сар мезанад”,-омадааст дар қарори ҳукми додгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамон замон ӯ аз мошинаш корди хоҷагиро бароварда, дар пеши чашми фарзанд ва падари Бобонова дӯстдухтар ё ҳамзисташро бо корд мезанад.

“Фархунда  дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дастрас шуда, дар Шӯъбаи эҳёгарӣ ба ҳалокат мерасад”, – гуфт манбаъ.

Додгоҳи вилояти Суғд 22-юми майи соли равон Боймурот Норовро барои тайёрӣ ба ҷиноят ва одамкушӣ ё моддаҳои 32 ва 104  Кодекси ҷиноятӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Назари худи Норов, вакили дифоъ ва наздикони ӯ маълум нест.

Ҳодисаи куштори зан ё дӯстдухтар аз ҳиссиёти рашк ё нофаҳмӣ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар ин бора хабарҳо расонаӣ мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.