Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд

Аз лиҳози кишоварзии органикӣ Тоҷикистон дар сафи пеш байни кишварҳои ИДМ қарор гирифт. Байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин аз лиҳози экологӣ эътироф шуд. Тибқи маълумоти Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), дар Тоҷикистон кишоварзии органикӣ дар 1,4% заминҳои кишт истифода шуда, дар дигар давлатҳои минтақа ба ҷуз Молдова, ин […]

Аз лиҳози кишоварзии органикӣ Тоҷикистон дар сафи пеш байни кишварҳои ИДМ қарор гирифт.

Байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин аз лиҳози экологӣ эътироф шуд.

Тибқи маълумоти Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), дар Тоҷикистон кишоварзии органикӣ дар 1,4% заминҳои кишт истифода шуда, дар дигар давлатҳои минтақа ба ҷуз Молдова, ин нишондиҳанда камтар аз 1%-ро ташкил медиҳад.

Молдова 1,3% аз заминҳои киштро барои кишоварзии органикӣ, Озарбойҷон – 0,8%, Украина – 0,6%, Қирғизистон  0,3%, Гурҷистон – 0,2%, Русия ва Беларус – 0,1%-ӣ, Қазоқистон – 0,05%, Арманистон – 0,04% ва Ӯзбекистон – 0,01%-ро истифода мебаранд.

Кишоварзии органикӣ дар 188 кишвар мавриди истифода қарор дошта, зиёда ааз 96 млн гектар заминҳои кишвар бо усули органикӣ аз ҷониби ҳадди ақалл 4,5 млн фермерон мавриди истифода қарор доранд.

Дар кишоварзии органикӣ ҳангоми парвариши маҳсулот рад шудани маводи кимиёвӣ ва ба ивази он истифода бурдани маводи табиӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нашри 25-уми “Олами кишоварзии органикӣ”, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи кишоварзии органикии FiBL ва IFOAM – Organics International ба чоп расидааст, доир ба кишоварзии органикӣ дар ҷаҳон гузориши муфассал дода мешавад.

Кишоварзии оганикӣ дар Тоҷикистон соли 2008 дар парвариши пахтаи органикӣ дар минатқаи шимоли кишвар дар доираи лоиҳаи Созмони ҳамкории “Хельветас”-и Швейтсария оғоз ёфт.

Ҳиссаи заминҳои кишоварзии органикӣ аз 0,07%; дар соли 2008 то ба 1,4% дар соли 2023 зиёд шуда, дар ин заминҳо асосан пахта, юнучқа, зардолу, чормағз, ҷуворимакка ва помидор парвариш карда мешавад.

Ҳангоми парвариши ин зироатҳо бо усули органикӣ нисбат ба кишоварзии анъанавии маъмулӣ ба ҳисоби миёна 30% камтар энергия сарф шуда, об бештар дар хок боқӣ мемонад, эрозия кам шуда, сифати хок зарар намебинад ва захираҳои биологӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ягона нуқсони кишоварзии органикӣ арзиши баландтари маҳсулот бо нишони "органикӣ"мебошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз истеъмолкунандагон омодаанд, ки барои ғизои солим ва босифат малағи зиёдтар пардохт кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.