23 соли зиндон барои куштори ҳамсар

Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми  шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Додгоҳ ӯро бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (куштор) гунаҳкор донистааст. Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Ҳайдар Ҳайдарови 43-сола 14 сол қабл бо Бунафша Сиддиқова оила барпо […]

Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми  шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳ ӯро бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (куштор) гунаҳкор донистааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Ҳайдар Ҳайдарови 43-сола 14 сол қабл бо Бунафша Сиддиқова оила барпо карда, соҳиби як фарзанд ҳам будааст.

Сабаби куштори ҳамсар бемории Ҳайдар Ҳайдаров гуфта мешавад. Зикр мегардад, ки Ҳайдар Ҳайдаров ба бемории илтиҳоби ғадуди роҳи пешобдон гирифтор шуда,  наворҳои гуногуни тарзи табобатро дар телефони худ сабт намудааст.

“Соли 2020 телефонашро ба хоҳари ҳамсараш барои истифодаи муваққатӣ додааст. Баъди ба хотираш омадани наворҳои маҳрамона, телефонро бозпас гирифтааст ва минбаъд аз ҳамсараш гумонбар шудааст, ки гӯё ӯ ҳаёти шахсӣ ва бемории ӯро ба хешовандонаш нақл кардаву наворҳоро ба ҳама паҳн кардааст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Ҳамин тавр, Ҳайдар Ҳайдаров пайваста бо ҳамари худ муноқиша карда, ӯро латукӯб мекардааст.

“27-уми окятбри соли 2022 дар пайи чунин як муноқишаи оилавӣ, Ҳайдаров ҳамсарашро бо бераҳмии махсус, бо истифода аз корди хоҷагӣ ва болға ба қатл расонидааст”, – зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.