Тақдими 26 автобус ба Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 26 автобуси мусофирбари замонавӣ тақдим намуд. Дар ин бора  Ғолиб Ниятбеков, сардори шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи   ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ додааст. Ба иттилои номбурда, инчунин ду мошини ёрии таъҷилӣ низ ба вилоят тақдим гардид, […]

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 26 автобуси мусофирбари замонавӣ тақдим намуд. Дар ин бора  Ғолиб Ниятбеков, сардори шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи   ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ додааст.

Ба иттилои номбурда, инчунин ду мошини ёрии таъҷилӣ низ ба вилоят тақдим гардид, ки алакай ба шаҳри Хоруғ расиданд.

Бояд зикр намуд, ки аз автобусҳои тақдимнамуда 5 адад барои шаҳри Хоруғ ва 3 – тоӣ барои ноҳияҳои вилоят дода шуданд.

Тақдими мошинҳо дар ҳолест, ки чанде пештар, баъди чандин солҳо ба ВМКБ парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ низ сурат гирифт. Ҳавопаймои L410NG рӯзи 28-уми феврал парвози санҷишӣ анҷом дод.

Аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додан, ки то охири моҳи март ҳавопаймои мазкур парвозҳои санҷишӣ анҷом медиҳад ва аз моҳи апрел парвозҳои мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.