Рақобати қариб 15 ҳазор номзад барои 720 курсӣ. Дар Иттиҳоди Аврупо интихоботи парлумонӣ оғоз шуд

Имрӯз, 6-уми июн дар Иттиҳоди Аврупо раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони Парлумони Аврупо оғоз гардид. Давоми чор рӯз 370 миллион нафар дар 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо вакилони худро барои ин ниҳоди қонунгузор интихоб мекунанд. Ҳолланд аввалин кишвар дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо буд, ки сокинонаш ба назди сандуқи райдиҳӣ рафтанд ва овоз доданд. Ҳамин тавр пагоҳ ва рӯзҳои […]

Asia-Plus

Имрӯз, 6-уми июн дар Иттиҳоди Аврупо раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони Парлумони Аврупо оғоз гардид. Давоми чор рӯз 370 миллион нафар дар 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо вакилони худро барои ин ниҳоди қонунгузор интихоб мекунанд.

Ҳолланд аввалин кишвар дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо буд, ки сокинонаш ба назди сандуқи райдиҳӣ рафтанд ва овоз доданд. Ҳамин тавр пагоҳ ва рӯзҳои дигар – то 9-уми июн, дар кишварҳои дигари ин иттиҳод интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад.

Дар беъзе кишварҳо интихобот ду рӯз баргузор мегардад. Аз ҷумла,  дар Ҷумҳурии Чех рӯзҳои 7-8 ва Итолиё рӯзҳои 8-9 райъдиҳӣ баргузор мегардад. Рӯзи 9-уми июн охирон рӯзи интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо аст.

Дар ин интихоботи парлумонӣ беш аз 200 ҳизбу ҳаракат барои ворид кардани вакилони худ ба Парлумони Иттиҳоди Аврупо рақобат доранд.

Бояд гуфт, ки аксари ин ҳизбу ҳаракатҳо аз сиёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Украина ва Русия ҳимоя мекунанд. Онҳо ба ҷонибдории минбаъда аз Украина ва сиёсати сатхгирона алайҳи Русия таъкид менамоянд.

Дар баробари ин, нерӯҳои сиёсие ҳам ҳастанд, ки мухолифи ҷонибдории фарогир аз Украина мебошанд. Ҳарчанд онҳо аксарияти кулро ташкил намедиҳанд, аммо садои онҳо шунида мешавад.

Ҳамчунин, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим, масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти минтақа аз мавзӯъҳои муҳими раванди интихобот мебошад.

Қабл аз оғози интихобот хадамоти иктишофии баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз тақвияти маъракаи зиддиинтихобот иттилоъ дода буданд. Баъзе аз коршиносон он замон инро ба хадамоти истихборотии Русия марбут донистанд.

Дар аввалин рӯзи интихобот чанде аз масъулини се ҳизби Ҳоланд аз рахна шудани сомонаҳои худ хабар доданд ва ба навиштаи euronews масъулияти инро гурӯҳи рахнагари "HackNeT" ба зимма гирифтааст. Ба навиштаи ин расона, ин гуруҳи рахнагар эътироф кардааст, ки бо Маскав робита дорад.

Бояд зикр кард, ки ин даҳумин интихоботи пурлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо аст. Ва аввалин интихоботи парлумонӣ пас аз хориҷ шудани Британияи Кабир аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио