Манбаъ: Шокирҷон Ҳакимов боздошт шудааст

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик қариб як ҳафта инҷониб нопадид аст. Манобеи огоҳ ва расонаҳо аз боздошти ӯ хабар медиҳанд. Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Шокирҷон Ҳакимов тахминан як ҳафта пеш, пас аз 12-уми июли соли 2024, аз сӯи мақомоти қудратӣ ба бозпурсӣ даъват шудаву […]

Asia-Plus

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик қариб як ҳафта инҷониб нопадид аст. Манобеи огоҳ ва расонаҳо аз боздошти ӯ хабар медиҳанд.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Шокирҷон Ҳакимов тахминан як ҳафта пеш, пас аз 12-уми июли соли 2024, аз сӯи мақомоти қудратӣ ба бозпурсӣ даъват шудаву дигар ба хона барнагаштааст.

Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд, аммо ду манбаи “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ӯ боздошт шудааст. Вале онҳо низ дақиқ нагуфтанд, ки алайҳи Шокирҷон Ҳакимов парванда боз шудааст ё не.

Ба иттилои манобеъ, боздошти Шокирҷон Ҳакимов ба тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” аз ҷониби Додситонии кулли кишвар боздошт гардид, рабт дорад. Инро нуктаро манобеи Радиои Озодӣ низ зикр кардаанд.

Талошҳои мо барои тасдиқи хабари боздошти Шокирҷон Ҳакимов аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бенатиҷа анҷомид. Ба занги телефонии мо ҷиҳати шарҳи хабар дар Додситонии кул талаби мактуби расмӣ карданд.

Бояд гуфт, пештар аз ин, 16-уми июл Шокирҷон Ҳакимов дар маросими ҷанозаи модараш, ки дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баргузор шуд, дида нашудааст.

Шокирҷон Ҳакимов 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Шокирҷон Ҳакимов 58 сол дорад ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.

Ӯ  солҳо боз муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар робита ба масоили гуногун назару андешаҳои худро иброз медорад.

Чанд сол ӯ мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон буд.

Муаллифи зиёда аз 120 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.