Пушт ба Русияву рӯ ба Аврупо? Самтҳои нави муҳоҷират пайдо мешавад, вале Вазорати муҳоҷират – на

Шиддати муҳоҷират ба Русия кам шудааст ва роҳҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ ба сӯи Аврупову Амрико ва Шарқи наздик боз мешаванд. Бо ин вуҷуд, мушкилоти муҳоҷирон ҳам кам нест ва рӯз то рӯз саддҳои нав пайдо шуда истодааст. Бо назардошти ин, шохаҳои муҳоҷират афзоиш ёфтаву кор дар ин самт зиёд мешавад, вале дар Тоҷикистон ба таври […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шиддати муҳоҷират ба Русия кам шудааст ва роҳҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ ба сӯи Аврупову Амрико ва Шарқи наздик боз мешаванд. Бо ин вуҷуд, мушкилоти муҳоҷирон ҳам кам нест ва рӯз то рӯз саддҳои нав пайдо шуда истодааст. Бо назардошти ин, шохаҳои муҳоҷират афзоиш ёфтаву кор дар ин самт зиёд мешавад, вале дар Тоҷикистон ба таври ҷудогона Вазорати муҳоҷират таъсис дода намешавад.

Ин масъала дирӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон зиёд баррасӣ шуд.

Хайриддин Усмонзода, директори ин ниҳод гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси давлати Тоҷикистон нест ва дар ҳама мамолики дунё муҳоҷират вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, самти муҳоҷират ба сӯи Русия кам шудаву ба сӯи Аврупову Амрико ва Шарқи наздик бештар шуда истодааст.

“Русия ягона кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нест ва ҳоло шаҳрвандони мо дар бозорҳои меҳнати Аврупои Шарқӣ ва Аврупои Ғарбӣ, инчунин ИМА кору фаъолият мекунанд. Дар минбаъд ба Кореяи Ҷанубӣ ва баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик низ муҳоҷирон равон хоҳанд шуд”, – мегӯяд Хайриддин Усмонзода.

Бояд гуфт, ки муҳоҷират яке аз соҳаҳои фоидаовар дар иқтисоди Тоҷикистон аст ва ҳамасола садҳо ҳазор сомониро маҳз муҳоҷирон ба кишвар ворид мекунанд.

Бо ин вуҷуд, ба назар мерсад, ки шохаҳои муҳоҷират рӯз аз рӯз паҳнтар ва васеътар мешавад ва муҳоҷирони тоҷик бо роҳҳои наву мушкилоти ҷадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Дар ин робита, рӯзноманигори “Азия-Плюс” ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон бори дигар суол дод, ки ниҳоди зери роҳбарияш пешниҳод мекунад, ки бахши муҳоҷиратро аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷудо кунанд ва дар кишвар Вазорати муҳоҷират таъсис дода шавад.

“Ин масъала пеш аз ҳама ба салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳукумати кишвар дар кадом мавриде, ки зарур донист, ин ё он муассисаву мақомотро бо ҳамдигар муттаҳид ё аз ҳамдигар ҷудо менамояд. Барои ҳамин мо дар ин маврид ягон чӣ гуфта наметавонем”, – гуфт Хайриддин Усмонзода.

Ёдрас мешавем, ки чанд сол инҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи муҳоҷират ба сӯи Британияи Кабир, Италия, Корея ва чанд дишвари дигарро боз кардаанд ва асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (қулфинай ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.

Муҳоҷироне, ки ба ин кишварҳо рафтаву баргаштаанд, аз маоши хуб, шароити корӣ ва муносибати мақомоти мизбон изҳори қаноатмандӣ карда, мегӯянд, ки “аз Русия беҳтар аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.