Посух ба куштори раҳбари Ҳамос. Роҳбари олии Эрон дастури ҳамла ба Исроилро дод

Роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баъди дар Теҳрон кушта шудани раҳбари дафтари сиёсии Ҳамос Исмоил Ҳания дастур дод, ки кишвараш ба Исроил ҳамла кунад. Дар ин бора рӯзномаи New York Times (NYT) дирӯз, 31-уми июл, бо такя ба се мақомдори эронӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ин фармон субҳи чаҳоршанбе дар нишасти изтирории Шӯрои […]

Asia-Plus

Роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баъди дар Теҳрон кушта шудани раҳбари дафтари сиёсии Ҳамос Исмоил Ҳания дастур дод, ки кишвараш ба Исроил ҳамла кунад. Дар ин бора рӯзномаи New York Times (NYT) дирӯз, 31-уми июл, бо такя ба се мақомдори эронӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ин фармон субҳи чаҳоршанбе дар нишасти изтирории Шӯрои олии амнияти миллии Эрон пас аз маълум шудани куштори раиси дафтари сиёсии Ҳамоси Фаластин Исмоил Ҳания аз ҷониби Исроил дар Теҳрон содир шудааст.

Аммо то ба ҳол намояндагони Нерӯҳои дифои Исроил тасдиқ ё рад накардаанд, ки дар куштори раиси дафтари сиёсии Ҳамос даст доранд ва ё на.

Моҳи апрел пас аз кушта шудани афсарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамлаи Исроил ба Димишқ, Эрон ба Исроил ҳамлаи густурда анҷом дода, ба сӯйи он садҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин партоб карда буд.

Хабаргузории NYT менависад, ки Теҳрон вокуниши худро пешакӣ эълон кард ва аксари ҳадафҳои ҳавоӣ боздошт шуданд.

Ҳоло маълум нест, ки ҳамлаи Теҳрон чӣ гуна хоҳад буд.

Ба гуфтаи манобеъ, фармондеҳони низомии Эрон имкони ҳамлаи муштараки як ҳавопаймои бесарнишин ва мушакиро ба ноҳияҳои Тел-Авив ва Хайф баррасӣ мекунанд, аммо талош доранд ғайринизомиёнро ҳадаф қарор надиҳанд.

Эрон метавонад қувваҳои муттаҳидро дар Яман, Сурия ва Ироқ ҷалб кунад.

Дар Эрон дар тамоми масъалаҳои давлатӣ сухани ниҳоӣ аз Хоманаӣ аст, зеро ӯ сарфармондеҳи нерӯҳои амниятист. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони NYT, вай ба ҳайати Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва артиши кишвараш дастур додааст, ки ба густариши эҳтимолии даргириҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла ҳамлаҳои эҳтимолии Исроил ва Амрико ба Эрон омода шаванд.

Исмоил Ҳания шаби 30 ба 31-уми июл бар асари сӯйиқасд дар Теҳрон кушта шуд. Ҳамла ба қароргоҳи раиси дафтари сиёсии Ҳамос пас аз ширкати ӯ дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён сурат гирифт. Он вақт Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Эрон Носир Канонӣ ба мардуми Фаластин изҳори ҳамдардӣ кард ва Пизишкиён ваъда дод, ки қотилони раиси дафтари сиёсии Ҳамос аз кардаи худ пушаймон хоҳанд шуд.

Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос низ дар навбати худ куштори Ҳанияро маҳкум кард, дар ҳоле ки вазири умури Байтулмуқаддас ва мероси Исроил Амихай Элиёҳу ин ҳодисаро “роҳи дурусти поксозии ҷаҳон аз бадиҳо” номид.

Вазъ дар Ховари Миёна субҳи 7-уми октябри соли 2023, замоне шиддат гирифт, ки гурӯҳи фаластинии Ҳамос Исроилро ҳадафи мушакҳои худ қарор дода, ба манотиқи марзии қисмати ҷануби кишвар ҳамла кард ва гаравгонҳо гирифт. Худи ҳамон рӯз Исроил ба ҳамлаҳои ҷавобӣ шурӯъ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.