Тоҷикистон ва БОР оид ба грантҳои қаблан тасдиқшуда санадҳо ба имзо расониданд

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи ду грант ба маблағи умумии 71 млн доллар, ки қаблан маъқул дониста шуданд, санадҳо ба имзо расониданд. Ин маблағҳо ба бозсозии муҳити тиҷорат, рушди тиҷорати хурду миёна ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқароршаванда равона мегарданд. Созишномаро дар Душанбе рӯзи 12 август вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи ду грант ба маблағи умумии 71 млн доллар, ки қаблан маъқул дониста шуданд, санадҳо ба имзо расониданд. Ин маблағҳо ба бозсозии муҳити тиҷорат, рушди тиҷорати хурду миёна ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқароршаванда равона мегарданд.

Созишномаро дар Душанбе рӯзи 12 август вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ Шенни Кэмпбелл имзо карданд.

“Барномаи беҳбуди муҳити устувори корӣ ба маблағи 50 млн доллар ба бозсозии муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи рақамисозӣ, ислоҳот дар самти афзоиши содирот, беҳтар намудани идоракунии зерсохтор, шаффофияти молиявӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи муҳити кориашон устувор равона мегардад”, – зикр мешавад дар иттилоияи намояндагии Бонк дар ҷумҳурӣ.

Гранти дигар ба маблағи 21 млн доллар ба иваз намудани агрегати №4 дар НБО “Сарбанд” имкон медиҳад. Ин агрегат бар асари пайдо шудани нуқсони механикӣ дар таҷҳизот соли 2019 корношоям шуда буд. Пас аз таъмиру навсозии пурраи неругоҳ иқтидори муқарраршудаи он аз 240 мегаватт дар соли 2012 то ба 274 мегаватт дар соли 2026 зиёд мешавад.

Гранти аввал аз ҷониби Шӯрои мудирони БОР охири моҳи июл ва гранти дуюм – аввали моҳи август маъқул дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд танҳо бар асоси бебозгашт кумаки молиявӣ мегирад.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон – аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.