Ваҳдат: Як мард занашро бо корд захмӣ карда, худро оташ задааст

Як марди 39‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар заминаи рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар додааст. Манбаъ менависад, ки ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 37‑солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ дар хусуси он ки рӯзи 9‑уми […]

Asia-Plus

Як марди 39‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар заминаи рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 37‑солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ дар хусуси он ки рӯзи 9‑уми август шавҳараш бо сабаби рашк дар пайи муноқишаи оилавӣ тавассути корди конселярӣ узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст, муроҷиат кардааст.

Ба маълумоти ВКД, гумонбаршаванда бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ озод шудан “дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст”.

Зикр шудааст, ки ҳардуи онҳо дар шӯъбаи эҳёи  беморхона бистарӣ шудаанд ва вазъи саломатияшон вазнин мебошад. Алҳол оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, чунин муносибати хушунатбор дар Тоҷикистон зуд-зуд рух медиҳанд.

Масалан, соли 2022  дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст.

Дар натиҷа нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио