Дар Русия дастрасӣ ба YouTube метавонад қатъ шавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Дар Русия аз моҳи июли соли ҷорӣ корбарон зимни боргузорӣ (загрузка)-и видео дар YouTube ба мушкилот дучор шуда, бархе ҳатто ба ин видеохостинг умуман дастрасӣ надоранд. Корбарон аз гӯшаҳои гуногуни Русия хабар медиҳанд, ки YouTube ҳам дар компютер ва ҳам дар смартфонҳо боргузорӣ намешавад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин мушкилот ба мушоҳида мерасад. Дар мо бо ин […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Русия аз моҳи июли соли ҷорӣ корбарон зимни боргузорӣ (загрузка)-и видео дар YouTube ба мушкилот дучор шуда, бархе ҳатто ба ин видеохостинг умуман дастрасӣ надоранд. Корбарон аз гӯшаҳои гуногуни Русия хабар медиҳанд, ки YouTube ҳам дар компютер ва ҳам дар смартфонҳо боргузорӣ намешавад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин мушкилот ба мушоҳида мерасад. Дар мо бо ин мушкилот чӣ гуна роҳи ҳал меҷӯянд.

Чӣ гап шуд?

Аз соли 2020 YouTube дастрасӣ ба 207 шабака (канал)-ро аз Русия қатъ (масдуд) кард. Инҳо асосан аз ВАО-и давлатӣ, инчунин шабакаҳои муаллифии блогерону ходимони фарҳанг иборатанд, ки ошкоро аз сиёсати давлатӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Соҳибони шабакаҳои масдудшуда аз болои ширкати Google – молики хостинг шикоят бурдаанд, аз ҷумла шуъбаи корпоратсия дар Русия муфлис эътироф шуд.

Дар навбати худ, мақомоти Русия бобати аз ҷониби YouTube рад шудани хориҷ кардани 61,3 ҳазор навор (ролик)-и манъшуда дар қаламрави Русия шикоят мекунанд. Ба ақидаи онҳо, ин мавод дар бораи амалиёти ҳарбии махсус ва таблиғи ҳамҷинсгароён (ЛГБТ) маълумоти эътимоднок надоранд.

Дар робита ба ин, дар маъмурияти президенти Русия хабар додаанд, ки комилан қатъ кардани дастрасӣ ба видеохостингро дар кишвар моҳи сентябр ба нақша гирифтаанд, менависад «Газета.Ru».Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ВАО, қатъи дастрасӣ тадриҷан сурат гирифта, аз бад шудани кори YouTube дар минтақаҳои ҷудогона, поинравии суръати боргузории видео, мушкилот дар кори замима (приложение) оғоз мешавад. Чӣ тавре ки ҳозир ҳаст.

Қаблан Ростелеком низ русиягиҳоро аз эҳтимоли суст шудани кори YouTube  аз 12 июл огоҳ карда буд. Тавре ки дар сомонаи ширкат хабар дода мешавад, дар кори таҷҳизоти мутааллиқ ба ширкати Google мушкилот вуҷуд дорад.      

Ба иттилои сервиси «Сбой.рф», мушкилоти марбут ба YouTube дар аксари минтақаҳои Русия ба мушоҳида расида, тақсимоти арзу шикоятҳо ба ҳолати 12 август тариқи зайл аст:

Маскав – 21%

Санкт-Петербург – 10%

Кишвари Краснодар – 6%

Вилояти Новосибирск – 5%

Вилояти Маскав – 4%

Вилояти Свердловск – 3%

Тотористон – 2%

Вилояти Ростов – 2%

Вилояти Самара – 2%

Вилояти Воронеж – 2%

Вилояти Нижний Новгород – 2%

Вилояти Челябинск – 2%

Бошқирдистон – 2%

Кишвари Красноярск – 2%

Маълумоти сервиси дигар — Brand Analytics ба ҳолати 12 август чунин аст.

Чаро тасмим гирифтанд, ки дастрасӣ ба YouTube қатъ шавад?

Вакили Думаи давлатии Русия Александра Хинштейн дар ин робита изҳор намудааст, ки иқдоми мазкур “тадбири маҷбурӣ аз ҷониби мақомоти Русия нисбати видеохостинг аст, ки бидуни муҷозот қонунҳои Русияро риоя намекунад ва нодида мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳама натиҷаи сиёсати зидди Русияи хостинг аст, ки пайваста каналҳои фаъолони ҷамъиятии ин кишвар (блогерон, рӯзноманигорон, ҳунарпешагон)-ро, ки мавқеи онҳо аз нуқтаи назари кишварҳои Ғарб фарқ мекунад, хориҷ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар пасманзари суст шудани кори YouTube дар замимаҳои AppStore ва Google Play-и Русия аз ҳама бештар платформаҳои VK Video ва RuTube боргузорӣ (скачивание) мешаванд.  

Тавре ки «Немецкая волна» менависад, дар ҷойи аввал оид ба боргузорӣ VPN-сервисҳои ройгон қарор гирифтаанд, ки тариқи онҳо метавон қатъи дастрасиро бартараф намуд.

Коршиносони соҳа боз як сабаби дигари қатъи дастрасӣ ба YouTube-ро дар он мебинанд, ки мақомоти Русия барои ба платформаи нав равона кардани корбарон, бояд таъсири платформаҳои маъмул ва амалкунандаро маҳдуд кунанд.

Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Бархе аз корбарон дар Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта зикр карданд, ки видеоҳо дар YouTube хеле суст ё тамоман боргузорӣ намешаванд. Аммо, ба гуфтаи мутахассисон, мушкилоти суст шудани кори YouTube дар Русия набояд ба Тоҷикистон таъсир расонанд.

«Ин комилан қарорҳои дохилии онҳост. Яъне, вақте ки дар он ҷо кори видеохостинг суст ё қатъ мешавад, ин набояд ба мо таъсир расонад», – мегӯяд Рустам Гулов.

Дар яке аз ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдер) ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин мушкилот дар сатҳи провайдерҳои магистралӣ ҳал мешаванд ва вазифаҳое, ки бояд дар қаламрави Русия ҳал шаванд, ба Тоҷикистон рабт надоранд.

«Ширкатҳои фароҳамсози интернети мо системаҳои кэшро истифода мебаранд, қоидаҳои кэшкунӣ вазъиятҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Агар иштибоҳ накунам, провайдерҳои мо аллакай танзимоти лозимаро анҷом додаанд ва суръати дастрасӣ ба YouTube бояд муътадил шавад.

Ин ҳолат ва роҳи ҳалли он 99% тавассути танзимоти мувофиқ ҳаллу фасл мешавад, ки масъулияти он бар дӯши провайдерҳои магистралӣ ва транзитӣ вогузор аст.

Провайдерҳои маҳаллии мо ҳафтаи гузашта танзимоти заруриро амалӣ карданд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои хатарнок нестанд ва шикоятҳо хусусияти муваққатӣ доранд», – гуфтанд мутахассисон.

Ҷанбаи дигари масъала – блогерони тоҷик ҳастанд, ки каналҳои YouTube доранд. Аксарияти аудиторияи онҳо тоҷиконе мебошанд, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд. Дар бораи чӣ гуна ба фаъолияти онҳо таъсир расонидани қатъи дастрасӣ ба видеохостинг ба “Азия-Плюс” блогери маъруф Рафаэл Гулов изҳори назар кард.

«Ба коҳиши тамошоҳо боз қатъ шудани пардохти маблағ (монетизатсия) дар Русия низ таъсир расонид. Ин натанҳо ба тамошоҳо, балки ба даромадҳо низ сахт таъсир кард. Масалан, 50% аудиторияи ман сокинони Русия мебошанд, боқимонда – Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Аврупо.

Айни замон ман бештар барои Instagram контент эҷод мекунам, вале ҳамоно умед дорам, ки YouTube баста нахоҳад шуд», – гуфт Рафаэл.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.