Дар Душанбе “Иди тарбуз ва харбузаву каду” баргузор мешавад

Охири ҳафтаи ҷорӣ, 25‑уми август, дар шаҳри Душанбе “Иди тарбуз ва харбузаву каду” баргузор мешавад. Дар ин бора бо такя ба Вазорати кишоварзии кишвар АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Ба навишти манбаъ, қарор аст “Иди тарбуз ва харбузаву каду” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт баргузор гардад. Зикр шудааст, ки дар иди мазкур […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Охири ҳафтаи ҷорӣ, 25‑уми август, дар шаҳри Душанбе “Иди тарбуз ва харбузаву каду” баргузор мешавад.

Дар ин бора бо такя ба Вазорати кишоварзии кишвар АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба навишти манбаъ, қарор аст “Иди тарбуз ва харбузаву каду” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт баргузор гардад.

Зикр шудааст, ки дар иди мазкур кишоварзони ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбузаву кадуро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

“Иди тарбуз ва харбузаву каду бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад”, ‑ омадааст дар хабар.

Аз рӯйи нақша – чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ дар ҷашни мазкур тарбуз, харбуза, каду, инчунин хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда низ ба намоиш гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан охири моҳи августи соли 2020 “Иди каду, харбуза ва тарбуз” дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Дар ин ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузоштанд ва дастархони идона аз ин маҳсулот ташкил карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.