Обуҳавои моҳи сентябр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Date:

Дар Тоҷикистон моҳи сентябр обуҳаво нисбат ба солҳои пешин каме гармтар хоҳад шуд, хабар медиҳад Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Тибқи пешгӯӣ, дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёна 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баландтар хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳарорат то 31-16 дараҷа гарм шуда, шабона ҳам нисбатан гарм 13-18 дараҷа мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона 25-30 ва шабона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат тадриҷан поин меравад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона 27-32 дараҷа ва шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо рӯзона 19-24 ва шабона то 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд низ аввали моҳ бо гармӣ оғоз мешавад. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона то 30-35 ва шабона – 6-11 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин рафта, дар водиҳо рӯзона 24-29 ва шабона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо рӯзона 15-20 ва шабона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ ҳарорат дар давоми моҳ аз меъёр баланд пешгӯӣ мешавад. Нимаи аввали моҳи сентябр ҳарорат рӯзона 27-32 дараҷа ва шабона 10-25 дараҷа гарм дар назар аст. Нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин рафта, рӯзона 18-23 дараҷа шабона 4-8 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона аз 5 дараҷа гарм то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 11-16 то 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Боришот дар аксари минтақаҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пебинӣ шудаааст, яъне дар моҳи сентябр на он қадр зиёд. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол то 22 м/сония дар назар буда, он метавонад ба тӯфони чангу ғубор боис гардад.

Моҳи сентябр дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзона гарм ва шабона нисбатан каме хунук мешавад Аз ин рӯ, ба пешгӯиҳои обуҳаво  мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...