Обуҳавои моҳи сентябр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар Тоҷикистон моҳи сентябр обуҳаво нисбат ба солҳои пешин каме гармтар хоҳад шуд, хабар медиҳад Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Тибқи пешгӯӣ, дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёна 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баландтар хоҳад буд. Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳарорат то 31-16 дараҷа гарм шуда, шабона ҳам нисбатан гарм 13-18 дараҷа […]

Дар Тоҷикистон моҳи сентябр обуҳаво нисбат ба солҳои пешин каме гармтар хоҳад шуд, хабар медиҳад Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Тибқи пешгӯӣ, дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёна 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баландтар хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳарорат то 31-16 дараҷа гарм шуда, шабона ҳам нисбатан гарм 13-18 дараҷа мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона 25-30 ва шабона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат тадриҷан поин меравад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона 27-32 дараҷа ва шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо рӯзона 19-24 ва шабона то 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд низ аввали моҳ бо гармӣ оғоз мешавад. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона то 30-35 ва шабона – 6-11 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин рафта, дар водиҳо рӯзона 24-29 ва шабона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо рӯзона 15-20 ва шабона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ ҳарорат дар давоми моҳ аз меъёр баланд пешгӯӣ мешавад. Нимаи аввали моҳи сентябр ҳарорат рӯзона 27-32 дараҷа ва шабона 10-25 дараҷа гарм дар назар аст. Нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин рафта, рӯзона 18-23 дараҷа шабона 4-8 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона аз 5 дараҷа гарм то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 11-16 то 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Боришот дар аксари минтақаҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пебинӣ шудаааст, яъне дар моҳи сентябр на он қадр зиёд. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол то 22 м/сония дар назар буда, он метавонад ба тӯфони чангу ғубор боис гардад.

Моҳи сентябр дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзона гарм ва шабона нисбатан каме хунук мешавад Аз ин рӯ, ба пешгӯиҳои обуҳаво  мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.