“Аввалин бонки молиявии хурд” бузургтарин бастаи сармоягузориро дар соҳаи бонкии Тоҷикистон аз БАТР соҳиб гашт

Рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Лондони Британяи Кабир маросими баимзорасонии бузургтарин бастаи сармоягузорӣ дар бахши бонкдории Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» баргузор гардид. Маҷмӯи сармоягузории 20 миллион доллар барои рушди иқтисоди сабз ва дастгирии соҳибкории ҷавонон ва занон равона хоҳад шуд. Созишномаҳоро директори иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид […]

Варақаи матбуотӣ

Рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Лондони Британяи Кабир маросими баимзорасонии бузургтарин бастаи сармоягузорӣ дар бахши бонкдории Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» баргузор гардид. Маҷмӯи сармоягузории 20 миллион доллар барои рушди иқтисоди сабз ва дастгирии соҳибкории ҷавонон ва занон равона хоҳад шуд.

Созишномаҳоро директори иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кор бо институтҳои молиявӣ Франсиз Малиж ва Раиси ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» Мирзосафар Сафаров ба имзо расониданд.

Бастаи сармоягузориҳо ба ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барои беҳтар намудани дастрасии муштариёни худ ба технологияҳои сабзи инноватсионӣ ва инчунин, татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим кӯмак хоҳанд кард.

Маҷмӯи молиявӣ инчунин ба соҳибкорони ҷавон ва ширкатҳои ба занон тааллуқ ё идора мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” аз соли 2007 бо БАТР дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, ҷавонон дар тиҷорат, занон дар тиҷорат, ташаббусҳои сабз ва дигар лоиҳаҳо ҳамкорӣ дорад.

Бонк муштариёни худро тавассути 7 филиал ва 40 маркази хизматрасонии бонкӣ, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дастгирӣ менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.