Даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Еревани Арманистон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян роҳпаймоӣ ва бинои порлумонро муҳосира карданд.
Як қисми тазоҳургарон ба назди бинои Вазорати умури хориҷии Арманистонро рафта, онро низ иҳота карданд.
Яке аз раҳбарони мухолифони Арманистон Ишхан Сагателян аз таҷаммуъгарон даъват кард, ки шаб дар майдон бимонанд. "Бигузор, ҳамаи вазироне, ки ҳуқуқи арманиҳои Қарабоғи Куҳиро ҳимоят намекунанд, "даф шаванд", – гуфт ӯ.
Эътирозҳои оммавӣ бо талаби истеъфои сарвазир Пашинян 25 апрел дар Арманистон оғоз шуданд. Ҳаракати "Муқовимат" ҳукумати сарвазир Никол Пашинянро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон ва эътирофи ҳукумронии Озарбойҷон дар тамоми қаламрави Қарабоғи Куҳӣ гунаҳкор мекунад.