Дар Шохиси ҷаҳонии дониш Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа дар зинаи охир аст

Тоҷикистон соли 2023 дар Шохиси ҷаҳонии дониш, ки Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ бо Бунёди дониши Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум гузаронидааст, байни 133 кишвари ҷаҳон бо касби 36,1 хол зинаи 111-умро ишғол кард. Ин нишондод миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин дониста мешавад. Қазоқистон дар ин рейтинг бо касби 45,6 бал пешсаф буда, дар зинаи 74-ум […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Тоҷикистон соли 2023 дар Шохиси ҷаҳонии дониш, ки Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ бо Бунёди дониши Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум гузаронидааст, байни 133 кишвари ҷаҳон бо касби 36,1 хол зинаи 111-умро ишғол кард.

Ин нишондод миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин дониста мешавад.

Қазоқистон дар ин рейтинг бо касби 45,6 бал пешсаф буда, дар зинаи 74-ум қарор дорад.

Баъд, Ӯзбекистон бо касби 44,8 дар зинаи 78-ум, Қирғизистон бо гирифтани 44,1 хол дар зинаи 84-ум ва Тоҷикистон бо 36,1 хол дар зинаи 111-ум мавқеъ гирифтанд.

Индекс ҳафт зериндекси таркибӣ, аз ҷумла бахшҳои маориф, ТИК ва иқтисодиёти кишварро фаро мегирад.

Швейтсария бо касби 69,1 хол дар зинаи аввали ин рейтинги ҷаҳонӣ қарор дорад. Ба панҷгонаи беҳтарин кишварҳои Финландия, Шветсия, Нидерландия ва ИМА дохил мешаванд.

Зинаҳои охирро Ҷумҳурии демократии Конго, Нигерия ва Чад ишғол кардаанд.

Соле пеш, дар зинаи аввали ин рейтинг Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт.

Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии дониши Барномаи рушди СММ ва Бунёди дониши Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум дар соли 2021-ум дар зинаи 93-юм қарор дошт.

Тоҷикистон чанд сол аст азм дорад, ки мавқеи худро дар рейтингҳои байналмилалӣ беҳтар кунад. Барои ин як комиссияи доимӣ барои баррасӣ ва арзёбии мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳам бо сардории муовини аввали сарвазири кишвар таъсис дод.

“Азия-Плюс” баъди ду соли таъсисёбии ин комиссия ба мавқеи Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ назар кард, ки то куҷо беҳтар шудаст. Дар ин пайванд метавонед бо он шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио