Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср

Нашриёти “Дор ал-фикр-ал-арабӣ” дар шаҳри Қоҳираи Миср китоби Назруллоҳи Назар, арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Ҷозибияту-л-Қоид” (Ҷозибаи Пешво)-ро ба табъ расонид. Ин нахустин китоб ба забони арабӣ аст, ки хонандаи арабро бо рӯйдодҳои Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ, корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу истиқрор, гузоштани гомҳо дар […]

Asia-Plus

Нашриёти “Дор ал-фикр-ал-арабӣ” дар шаҳри Қоҳираи Миср китоби Назруллоҳи Назар, арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Ҷозибияту-л-Қоид” (Ҷозибаи Пешво)-ро ба табъ расонид.

Ин нахустин китоб ба забони арабӣ аст, ки хонандаи арабро бо рӯйдодҳои Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ, корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу истиқрор, гузоштани гомҳо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии устувор, ташаккули сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”, боло рафтани нақш ва обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинос мекунад.

Китоб бо услуби публистикӣ ва бадеӣ таълиф шуда, диди муаллифро роҷеъ ба рӯйдодҳои фоҷеавӣ ва тақдирсоз, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз сар гузаронидааст, арзёбии муносибатҳои Тоҷикистон бо олами хориҷиро инъикос мекунад.

Шоистаи ёдоварӣ аст, ки нашриёти мазкур пеш аз ин асари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои мисрӣ ба забони арабӣ ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) нашр карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.