Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?

Дар Тоҷикистон, ба вижа дар пойтахти кишвар ҳамоно забони меъёри гуфтугӯӣ ё адабии тоҷикӣ шакл нагирифтааст ва лаҳҷа дар гуфтор “афзалият” дорад. Ҳатто бархе зиёиёну фарҳангиён наметавонанд, ки пурра бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф зананд, то намунаи ибрат барои ҷомеа бошанд. Имрӯз, 5-уми октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони давлатӣ” таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли […]

Дар Тоҷикистон, ба вижа дар пойтахти кишвар ҳамоно забони меъёри гуфтугӯӣ ё адабии тоҷикӣ шакл нагирифтааст ва лаҳҷа дар гуфтор “афзалият” дорад. Ҳатто бархе зиёиёну фарҳангиён наметавонанд, ки пурра бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф зананд, то намунаи ибрат барои ҷомеа бошанд.

Имрӯз, 5-уми октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони давлатӣ” таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли 2009 қонуни нави забони давлатӣ дар кишвар қабул гардид. Ҳамин тариқ, Рӯзи забон аз 22-юми июл ба 5-уми октябр иваз шуд. 

Чандин сол аст, ки донишмандон ва забоншиносоне аз коста шудани забони гуфтугӯӣ ва навишторӣ мегӯянд. Онҳо ҳамеша аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, забони тоҷикиро намедонанд ва суҳбат кардан бо ин забон барои онҳо бегона аст. Ҳамин тариқ, онҳо аз забони матбуот, китобҳои дарсӣ шикоят мекунанд. Мардум, дар навбати худ, аз он шикоят доранд, ки харҷу марҷ дар забони тоҷикӣ зиёд аст, онҳо намедонанд, ки кадоме аз калимаҳои зиёди пешниҳодшавандаро истифода намоянд.

Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” дар Рӯзи забони давлатӣ аз забоншиносон ва мутахассисон пурсид, ки чӣ бояд кард, то забони меъёри гуфтугӯии тоҷикӣ маъмул шавад?

 

Адабиёт метавонад ёрирасон бошад

Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии имлҳои кишвар мегӯяд, барои маъмулу маъруф кардани истифодаи забони тоҷикӣ “ҷомеаро зарур аст, то адабиёти ҳазорсолаи адабии тоҷикиро мутолиа карда, аз он андӯхтаҳое дар зеҳну тафаккуру захоири дониш дошта бошад”

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд “барои беҳтар кардани вазъи забони гуфторӣ тамоми заминаҳо дар замони истиқлол гузошта шудаанд”. Аммо дар ин баробар ӯ чанд пешниҳоди дигар дорад.

“Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯйиши ом, аз боло ба поён, дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ зарурӣ аст”, – таъкид кард Фарангис Шарифзода.

Ба гуфтаи ӯ, ривоҷу густариши забони меъёрии гуфторӣ ба зиммаи ҳама мардуми Тоҷикистон ва бахусус, мардуми пойтахт аст, зеро забон мавҷуди зинда аст ва ниёз ба пуштибонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа дорад.

 

Бояд мактабу донишгоҳ замина гузоранд

Дар ҳаимн ҳол, Сайфиддин Назарзода, забоншиноси шинохта ва раиси пешини Кумитаи истилоҳоти забон гуфт, забони меъёри гуфтугӯ дар пойтахти кишвар дар раванди шаклгирӣ қарор дорад, вале барои ҳамагонӣ шудани он ҳоло замон зарур аст.

Ӯ мегӯяд, бо гузашти 30 сол истифодаи калимаву ибораҳои русӣ дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ кам шудааст, вале мавқеи калимаҳои туркӣ пойбарҷост ва ҳамоно тарзи гуфтори ҷомеа тоҷикии суфтаву равон нашудааст.

“Имрӯз агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нигоҳ кунем, корбарон ҳамон тарзе, ки гуфтугӯ мекунанд, ҳамон тавр ҳам менависанд. Яъне, тарзи гуфтор ба навишт ҳам таъсир расонида истодааст. Ин раванд оқибаташ бесаводии ҳамагонист”, – нигаронӣ мекунад забонишиноси тоҷик.

Барои оммавӣ шудани забони меъёрӣ, Назарзода пешниҳоди дорад, ки “раванди таълими забони тоҷикиро дар мактаб ва донишгоҳҳо дигар кунем, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки бо ин тарз на забони навишт ва на гуфтугӯ рушд накарда истодааст”.

Сайфиддин Назарзода бар ин бовар аст, ки дар мактабу донишгоҳҳо омӯзгорон бояд бо забони ба адабӣ наздик дарс гузаранд ва муҳассилинро ҳам зарур аст, ки забони равону суфтаро омӯзанд. Бо ин раванд агар таълим сурат гирад, шояд забони меъёри гуфтугӯ ҳам шакл гирад ва оммавӣ шавад.

Ба гуфтаи ин забоншинос, бояд аввал дар пойтахт ва пасон дар саросари кишвар муҳити иҷтимоӣ дигар шавад, таблиғоти дуруст роҳандозӣ гардад, эҳсоси миллӣ бедор карда шавад, то ки забони меъёри гуфтугӯ шакл гирад.

 

Расонаҳо ва филмҳо таъсиррасонанд

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси дигари тоҷик ба ин масъала назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки забони навишторӣ исто (тағйирнаёбанда) ва забони гуфторӣ пӯё (тағйирёбанда) аст, аз ин рӯ ҳаргиз наметавон забони гуфтугӯиро бо забони навишторӣ яксон кард.

Вай ҳамзамон бар ин бовар аст, ки “забони адабии ҳазорсола ҳам дигар таъсире бар забони гуфторӣ надорад, зеро дар ҳамин шабу рӯз на назм ва на наср хонанда надорад”.

Ба гуфтаи ин забоншинос, “ҳоло ба таълими забони тоҷикӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам умед баста наметавонем, зеро дар се даҳсола натавонистанд натиҷаи чашмрас диҳанд”.

Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, ки барои пайдо шудани забони меъёри гуфтугӯ метавонад ду роҳ муассир бошад: расонаҳо ва филмсозӣ, зеро ин ду бинанда, шунаванда ва хонанда доранд.

Аммо бо ин вуҷуд нигаронӣ мекунад, ки “на расонаҳо ва на филмҳои Тоҷикистон, дар ҳамин тарзе, ки ҳастанд, наметавонанд ба шакл гирифтани забони меъёри гуфтугӯ замина гузоранд, чунки забони тоҷикии суфтаву равон надоранд”.

Ба қавли Умед Ҷайҳонӣ, барои пайдо шудани забони меъёрии гуфтугӯӣ зарур аст, ки забони расонаҳо ислоҳ шавад ва филмҳое сохта шаванд, ки гуфтугӯҳо дар онҳо ба забони суфтаву равони тоҷикӣ бошанд. Намунаи хуб дар ин замина забони гуфтугӯии форсиест, ки дар расонаҳо ва филмҳои эронӣ ба кор меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.