Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ пешниҳод дорад, ки барои пайвастан ба тиҷорати байналхалқии электронӣ – Amazon, e-Bay, Alibaba ва AliExpress дар якҷоягӣ талош кунанд.
Ин пешниҳод дар конфронси "Аз харитаҳои роҳи миллӣ то ислоҳоти минтақаӣ" дар шаҳри Нур-Султон баррасӣ шудааст. Ба даъвати Қазоқистон кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъсиси Amazon-и минтақаӣ посухи мусбат додаанд.
Кишварҳо ҳамчунин масъалаи содироти муштараки маҳсулоти Осиёи Марказиро ба бозори Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карданд.