Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва сафири Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Қайсар масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз сафорати Покистон дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ба густаришу тавсеъаи фаъолияти комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таъкид карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба ин давлат ибрози назар намуданд.