Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо мағлуб кардани рақибонашон дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024 ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрд, аммо бо дарназардошти ду бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзода ба финал роҳ ёфтанд. Дар […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо мағлуб кардани рақибонашон дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024 ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрд, аммо бо дарназардошти ду бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзода ба финал роҳ ёфтанд. Дар бозии аввал "Регар" “Истиқлол”-ро бо 2 голи беҷавоб мағлуб карда буд.

Дар рақобати дигари ҷавобии марҳилаи нимниҳоӣ дастаҳои “Равшан” ва "Хуҷанд" дар варзишгоҳи “Кӯлоб Арена”-и шаҳри Кӯлоб дидор анҷом доданд. Футболбозони “Хуҷанд” бо ягона голи Деян Тумбас дар дақиқаи 80-ум дастаи мизбонро шикаст доданд. Бозии якуми ин дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи 1:1 мусовӣ шуда буд.

Ҳамин тавр, аз рӯи натоиҷи ду рақобат “Хуҷанд” ба финал баромад ва он ҷо бо дастаи "Регар-ТадАЗ" дидор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии финали мусобиқа 100 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дастае, ки Ҷомро ба даст меорад, соҳиби 60 ҳазор сомонӣ мегардад. Ҳамчунин ба дастае, ки дар финал мағлуб мешавад, 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи чандин соли ахир дар вохӯрии финалӣ барои Ҷоми футбол доимо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард. “Истиқлол”даҳ маротиба ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон ноил гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио