Дар Хуҷанд барои президент қароргоҳи нав месозанд

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони қароргоҳи нави сарвари давлати Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Он дар ҷойи қароргоҳи амалкунандаи ҳозира, ки кӯчонида мешавад, қомат меафрозад. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои қароргоҳро баррасӣ кард. Гуфта мешавад, тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони қароргоҳи нави сарвари давлати Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Он дар ҷойи қароргоҳи амалкунандаи ҳозира, ки кӯчонида мешавад, қомат меафрозад.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои қароргоҳро баррасӣ кард.

Гуфта мешавад, тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти раиси вилоят тарҳ (дизайни)-и бинои ояндаро нашр кардааст. Дар робита ба вақти оғози сохтмон, ҳаҷм ва манбаи маблағгузорӣ ҳоло маълумоти мушаххаст дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.