КҲФ аз хатари омадани селҳо дар минтақаҳои кӯҳистон огоҳ мекунад

Рӯзҳои наздик дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд. Гуфта мешавад, аз […]

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки дар истифода аз асбобҳои барқӣ ва ангишт вақти гарм кардани хонаҳо эҳтиёт кунанд ва аз хатари заҳролуд шудан бо гази карбон худдорӣ намоянд.

“Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, онҳоро набояд гузошт, ки тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

Боисрор тавсия мешавад, ки сокинон барномаи мобилии  «SOS»-ро дар телфонҳои мобилии худ пайваст кунанд. Ин барнома барои ҳама намуди плеймаркетҳо ва App Store барои iOS ройгон боргирӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.