Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ба нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Ин ниҳод дар телеграм-канали худ навиштааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ […]

Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ба нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.

Ин ниҳод дар телеграм-канали худ навиштааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигаронӣ кардааст, ки баъзе аз шаҳрвандон то ҳол дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.

Як санҷиши ин ниҳод 200 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот дар пойтахтро ошкор кардааст. Сокинони пойтахт, ки дар хонаи худ ҳайвонот нигоҳ доштаанд, бар асоси моддаи 480 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима шудаанд.

Ин банди қонун ҷаримаро барои шахсони воқеӣ аз 720 то 3 600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 7 200 то 28 800 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар пайи ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт роҳ надиҳанд, зеро баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешавад.

Аввали сол, вақте муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт поён ёфта буд, мо ба минтақаҳои ба Душанбе пайваста рафтем ва бо сокинони он суҳбат кардем. Ва дидаву шунидаи худро дар матлаби “Ҷанг” бо мурғу говҳо дар Душанбе бо чӣ анҷом меёбад? Гирд овардем, ки метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.