Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд

Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи роҳандозии хидматрасонии нав ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониёни машғули кору таҳсил ва иқоматдошта дар қаламрави Русия хабар дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои мазкур хабар доданд. Зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза рақами […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи роҳандозии хидматрасонии нав ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониёни машғули кору таҳсил ва иқоматдошта дар қаламрави Русия хабар дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза рақами телефони ягона барои машварат фаъол аст:

+7 (965) 320 55 02.

Тариқи ин рақам шаҳрвандон метавонанд кумаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд, аз ҷумла аз рӯи масъалаҳои вобаста ба қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дигар масоили марбут ба будубош (ҳузур) дар Русия.

Машваратҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба дода шуда, ба ҳар як занг гурӯҳи иборат аз панҷ мутахассис посух медиҳанд.

Бино ба иттилои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳар рӯз ба ин рақам метавонанд аз 600 то 800 муроҷиати шаҳрвандон қабул карда шаванд.

Ғайр аз ин, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити мусоид барои шаҳрвандон рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 11:00 то 16:00 дар дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ (суроға: кӯч. Чаянов, офиси 302, метрои “Маяковский”, баромадгоҳи 1) рӯзҳои қабул ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон тариқи ройгон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

“Ин иқдом ба беҳбуди дастгирии ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, бахусус дар шароити шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷират ва тақвияти фишор боли кормандони хориҷӣ равона шудааст”, – зикр карданд дар Шӯро.

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирон бисёр вақт аз фаъолияти начандон қаноатбахши намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия изҳори норозигӣ мекунанд.

Чанде пеш худи президент низ аз “фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон” дар қаламрави Русия изҳори норозигӣ карда, самаранокии начандони хуби кори онҳоро зикр кард.

Зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе ӯ таъкид дошт, ки “бо сабаби фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Русия, гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки таҳкими ҳамкорӣ бо сохторҳои Русия ва фаъол намудани кор бо диаспораҳо аз вазифаҳои афзалиятнок дар самти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба шумор мераванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.