Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт

Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ дар синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии “Листопад” соҳиби диплом гардид.  Дар ин хусус муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад. Синамоҷашнвораи мазкур аз 1 то 8-уми ноябр дар шаҳри Мински Беларус баргузор гардид. Филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шудааст, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ дар синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии “Листопад” соҳиби диплом гардид.  Дар ин хусус муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Синамоҷашнвораи мазкур аз 1 то 8-уми ноябр дар шаҳри Мински Беларус баргузор гардид.

Филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шудааст, ки  дар бораи корнамоии як рӯзноманигор ҳикоят мекунад.

Бояд гуфт, ки ин филм чанде қабл мавриди баҳси коргардонҳо қарор гирифт. Аз ҷумла коргарони тоҷик Некрӯз Ҷалилиён бо нашри як вокуниш дар Фейсбук навишт, ки филми “Дар талоши ҳақиқат”-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён – директори “Тоҷикфилм” филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш “бурида” шудааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ин нуктаро рад карда гуфта буд, ки дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд.

Ба гуфтаи ӯ, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми “Дар талоши ҳақиқат” рӯзи 26-уми январ дар Кохи Наврӯз баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио