Мактаберо дар Рӯдакӣ ба номи забоншинос Ҳомид Маҷидов гузоштанд

Мактаби рақами 67-и деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро ба номи Ҳомид Маҷидов, забошиноси номошнои тоҷик гузоштанд. Дар ин бора духтари ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маросими номгузории мактаб имрӯз бо иштироки пайвандони  Ҳомид Маҷидов ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши маориф сурат гирифтааст. Қарори номгузории мактаби рақами 67-и ноҳия ба […]

Asia-Plus

Мактаби рақами 67-и деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро ба номи Ҳомид Маҷидов, забошиноси номошнои тоҷик гузоштанд. Дар ин бора духтари ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маросими номгузории мактаб имрӯз бо иштироки пайвандони  Ҳомид Маҷидов ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши маориф сурат гирифтааст.

Қарори номгузории мактаби рақами 67-и ноҳия ба номи забоншинос Ҳамид Маҷидов аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдаки 30-юми сентябри соли 2024 содир шуда буд.

Ҳомид Маҷидов, профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби  20 июни соли 2022 дар синни 85 солагӣ даргузашта буд.

Ӯ 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983) буда, аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик.

Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.