Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад

Филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО", ки аз 26 то 29-уми ноябр дар хонаи синамогарони Русия доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Дар ин бора Одина Маҳмад, коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, филм дар номинатсияи “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоиш дода мешавад. Ӯ мегӯяд, барои иштирок аз ҷониби тадорукоти […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО", ки аз 26 то 29-уми ноябр дар хонаи синамогарони Русия доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ин бора Одина Маҳмад, коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, филм дар номинатсияи “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоиш дода мешавад. Ӯ мегӯяд, барои иштирок аз ҷониби тадорукоти синамоҷашнвора даъватнома гирифтааст.

“Барои ман муҳим ин аст, ки тамошобин аз як филми тоҷикӣ дидан мекунад”, – таъкид мекунад ӯ.

Дар ин синамоҷашнвора аз 350 дархост 63 филм аз кишварҳои гуногун интихоб шуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, ҳамчунин ду филми дигар аз Ӯзбекистон ва Эрон бо филми “Фурӯғ” барои дарёфти ҷоиза рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” моҳи октябри имсол сазовори ду ҷоиза гардид. Дар синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” дар бахши “Беҳтарин филми дебютӣ” ва дар 20-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳаваскор ва касбӣ – "Молодой киновек" ҷоиза ба даст овард.

Ҳоло Одина Маҳмад, коргардони тоҷик ду лоиҳаи филми ҳунариро таҳия намудааст ва дар ҷустуҷӯи маблағ аст. Ӯ имсол барои афзун сохтани таҷрибаи худ ду сафари хориҷӣ дошт ва бо коргардонҳои кишварҳои гуногун табодули таҷриба кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.