Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ҷавони 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар дода, навиштааст, ки ин ҷавон 30-юми июли ҳамин сол аз комиссияи тибби гузашта, қобили хидмат дониста шуд, вале баъди гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуд. Назари худи ин ҷавон ва наздикону […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ҷавони 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар ин бора ВКД хабар дода, навиштааст, ки ин ҷавон 30-юми июли ҳамин сол аз комиссияи тибби гузашта, қобили хидмат дониста шуд, вале баъди гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуд.

Назари худи ин ҷавон ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест. Мақомот низ ҷузъиёти бештари ҳодисаро нашр накардаанд.

Дар мавриди дар куҷо будани ин ҷавон ва ҷустуҷӯ қарор доштан ё надоштани ӯ ҳам чизе гуфта намешавад.

Ҳоло бар зидди ин ҷавон бо иттиҳоми "саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ" (моддаи 343 қисми 1 кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл низ мақомоти Тоҷикистон нисбати як ҷавони 22-сола аз ноҳияи Зафаробод барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ин ҷавон ба ҷойи рафтан ба артиш, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. 

Қаблан рӯзи 16-уми ноябр Вазорати дифои кишвар хабар дода буд, ки нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар кишвар пеш аз муҳлат пурра иҷро шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунии даъватӣ аз сӯи бархе коммиссияҳои ҳарбӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.

Дар ҳамин ҳол мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.