Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024

Як рӯзи таърих – 7 декабр Соли 2001 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ хатсайри роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия аз сар гирифта шуд. Соли 2005 – Бо ширкати 54 президент ва сарони ҳукуматҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Соли 2015 – Дар ВМКБ […]

Asia-Plus

Як рӯзи таърих – 7 декабр

Соли 2001 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ хатсайри роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия аз сар гирифта шуд.

Соли 2005 – Бо ширкати 54 президент ва сарони ҳукуматҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид.

Соли 2015 – Дар ВМКБ заминларзаи 7-8 баллӣ рух дод, ки марказаш ноҳияи Мурғоби ВМКБ буда, 500 хона хароб ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Соли 2009 – Аввалин маротиба хатсайри нави “Душанбе-Оренбург-Душанбе” ба роҳ монда шуд.

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир” баргузор гардид.

Соли 2010 – «Газпромзарубежнефтегаз» ба пармакунии чоҳи аввали ҷустуҷӯӣ дар майдони Сарикамыш, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, Тоҷикистон оғоз намуд."

Соли 2011 – Дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии “Суғд” ду корхонаи дигар – ҶММ “Зарафшон” ва ҶММ “Равзана Пластик” сабт шуд.

Соли 2014 – Ноиби якуми вақти сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазирони энергетикаи Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон созишномаеро оид ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 имзо карданд, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи тобистон ба Афғонистон ва Покистон таъмин менамояд.

Соли 2018 – Дар Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуданд.

 

Шахсиятҳо

Соли 1924 – зодрӯзи Тӯйдӣ Бобиева, ҳунарпешаи театр

Соли 1936 – Разиюлло Атохонов, риёзидон ва равоншиноси тоҷик, доктори илмҳои равоншиносӣ

Соли 2006 – Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт

7 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мешавад.

7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ аст. Дар Тоҷикистон рӯзи авиатсияи гражданӣ сеюми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 тариқи хатсайри Бухоро-Душанбе парвоз кард ва ин сана дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон калидӣ гардид.

 

Вазъи обу ҳаво барои 7 декабр

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º хунук, рӯзона 0-5º хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона 0+5º гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º хунук, рӯзона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 27-32º хунук, дар баъзе минтақаҳо то  38-40º хунук, рӯзона 11-16º хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12º хунук, рӯзона 1-3º хунук мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио