Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Муштзани тоҷик, иштирокчии Бозиҳои Олимпии Пекин 2008 – Ҷаҳон Қурбонов дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс, ки имрӯзҳо дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, дар даври навбатии сабқат бар рақиби худ аз Литва – Николай Гришунинс бо натиҷаи 9 бар 5 ғолиб гашта, ба даври нимфиналии мусобиқот роҳхат гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат хабар доданд, пагоҳ дар сабқати нимниҳоӣ дар вазни то 81 килограм Ҷаҳон Қурбонов бо муштзани ӯзбек Аббос Атоев зӯрозмоӣ мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ, 3 муштзани дигари тоҷик, Анвар Юнусов, Муродҷон Расулов, Мадад Нағзибеков дар вохӯриҳои чорякфиналӣ аз рақибони худ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум гардиданд.