spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон тасмим дорад истихроҷи нафтро афзоиш диҳад

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад зерсохтори истеҳсоли маҳсулоти нафтии худро навсозию муҷаҳҳаз намуда, ҳамчунин, азхудкунии конҳои навро тақвият бахшад, гуфта мешавад дар ҳисоботи энержии Бонки Осиёии Рушд.

Таъкид мегардад, ки истихроҷи нафти дохилӣ дар ҷумҳурӣ хеле ночиз аст (тақрибан 25 ҳазор тонна дар соли 2022).

Муаллифони гузориш менависанд, ки дар ҷумҳурӣ ду корхонаи коркарди нафт мавҷуд аст, ки иқтидори умумии онҳо дар як сол 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 5,1 ҳазор тонна мазут, 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум ширкати “Ҳасан ва Ко” дар як корхонаи хурди коркарди нафти Балҷувон (вилояти Хатлон) ба ҳаҷми хурд нафтро коркард мекунад.

Баъдан, дар соли 2013 ин ширкат ҳамроҳ бо сармоягузорони эронӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ як корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 85 ҳазор тонна дар як сол бунёд кард.

Тобистони соли 2019 хабар дода шуд, ки ширкати “Ҳасан ва Ко” ба сохтмони як корхонаи дигари хурди полоишӣ дар наздикии пойтахт, дар минтақаи Рӯдакӣ, бо иқтидори лоиҳавӣ 27 ҳазор тонна дар як сол шурӯъ кардааст.

Дар ҷумҳурӣ корхонаи калони нафттозакунӣ низ мавҷуд аст: ширкати чинии “Dong Ying heli Investment and Development” чанд сол пеш дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” заводи нафттозакуниро бо иқтидори 1,2 миллион тонна дар як сол, бунёд намуд. Аммо корхона бо сабаби нарасидани нафти хом бо нархи дастрас, то ҳол фаъол нест.

Орзуҳои амалинашуда

Чандин маротиба аз минбарҳои гуногун, аз ҷумла аз минбарҳои баланд дар бораи мавҷуд будани захираҳои калони нефту газ дар кишвар изҳори назар карда шуд. Ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Газпроми Русия, Тотали фаронсавӣ, CNPC-и чинӣ, Tethys Petroleum-и Канада барои истихроҷи захираҳои эҳтимолӣ ба кумак омаданд, аммо ҳеҷ чизи мушаххасе наёфтанд (ба ҷуз аз гази ғайрисаноатӣ) ва Тоҷикистон ҳамчунон кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нафти худӣ дар Тоҷикистон тайи як сол қариб 50% гарон шуд

Коршиносон эътироф мекунанд, ки Тоҷикистон дар болои ҳавзаи нафту гази минтақа ҷойгир аст, аммо барои дастрасӣ ба ин манобеъ бояд амиқтар, шояд то 8-9 ҳазор метр, яъне чанд маротиба амиқтар Ӯзбекистон ва ё Туркманистон парма карда шавад.

Чуқуртарин чоҳ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон бо чуқурии 6450 метр парма карда шудааст.

Ин корро ширкати фаръии русии "Газпром" анҷом додааст, ки баъдан ин ширкат низ изҳор дошт, ки "пешгӯии олимон дар бораи дурнамои нафту гази конҳои амиқи зеризаминӣ тасдиқ шудааст".

Зимнан зикр гардид, ки захираҳои истихроҷшавандаи газ, ки эҳтимоли 50 фоиз арзёбӣ мешавад, 17,5 миллиард метри мукааб, нафт 1 миллиону 574 миллион тонна, гази дар нафт ҳалшуда 72 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ширкат тасмим гирифт, ки аз иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба далели "самаранокии пасти иқтисодӣ"-и ин манобеъ "дар шароити кунунии макроиқтисодӣ" даст кашад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...