RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар як баёнияи худ гуфтааст, ки соли гузашта дар Афғонистони таҳти ҳукумати “Толибон”  дастикам 12 расона комилан баста шуда, 25 рӯзноманигор аз сӯи маъмурони ин ҳукумат боздошт шудаанд. Ин созмони байналмилалӣ бори дигар аз вазъи озодии баён дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфтаст, ки дар ҳоло дар ин кишвар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар як баёнияи худ гуфтааст, ки соли гузашта дар Афғонистони таҳти ҳукумати “Толибон”  дастикам 12 расона комилан баста шуда, 25 рӯзноманигор аз сӯи маъмурони ин ҳукумат боздошт шудаанд.

Ин созмони байналмилалӣ бори дигар аз вазъи озодии баён дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфтаст, ки дар ҳоло дар ин кишвар расонаҳо иҷозаи нашри мусиқӣ, қиссаҳо, тасвири мавҷудоти зинда ва шарҳи хабарҳо дар бораи ҳукумати “Толибон”-ро надоранд, зеро Толибон инро як амали “ғайриқонунӣ” медонанд.

Бар асоси ин гузориш, дар соли равон дар пайи хабару гузоришҳо 11 телевизион ва 1 радио маҷбур шудаанд, фаъолияташонро комилан қатъ кунанд.

Ҳамчунин, 3 шабакаи радиоӣ муваққатан баста шуда, “Толибон” ба онҳо ваъда додаанд, ки агар онҳо аз навохтани мусиқӣ даст кашанд, пас аз чанд муддат метавонанд фаъолияти родиоии худро аз сар бигиранд.

Ин расонаҳо дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул, Қандаҳор, Нангарҳор, Ҳилманд, Тахор, Бодғис, Лағмон ва Хуст фаъолият мекардаанд.

Дар асоси гузориши Гузоришгарони бидуни марз, телевизионии “Орзу” яке аз охирин расонаҳо будааст, ки рӯзи 4-уми декабр “мавриди ҳамла Толибон қарор гирифтааст”.

“Теъдоде аз маъмурони Сарраёсати истихборот (Хадамоти истихборотии Толибон), ки бо ҳамроҳии як намояндаи Вазорати хориҷаи Толибон буданд, ба идораи телевизионии “Орзу” дар Кобул бо ҳадафи “амри маъруф ва наҳй аз мункар” ҳамла кардаанд”, – омадааст дар гузориши Гузоришгарони бидуни марз.

Яке аз шоҳидони ин ҳамлаи Толибон ба шарти ифшо нашудани номаш бо Гузоришгарони бидуни марз сӯҳбат карда, изҳор доштааст, ки Толибон вориди идораи телевизиони “Орзу” шуда, коргаронро дашном дода, бо онҳо муносибати бераҳмона карда, чанд телефон, 6 диск ва 3 компютери онҳоро гирифта бурданд”.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Гузоришгарони бидуни марз, 7 корманди ин шабака, бо шумули Амонуллоҳ Азимӣ, раиси дафтари телевизиони “Орзу” ва Холид Баракзай, ровии ин телевизион, боздошт ва ба зиндони Пуличархи Кобул бурда шуданд.

Толибон гуфтаанд, ки ин шабакаи телевизионӣ силсилафилмҳои “бар хилофи арзишҳои исломӣ” пахш мекардааст.

Ба гуфтаи Гузоришгарони бидуни марз, аз замони ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дастикам 141 хабарнигор аз сӯи Толибон боздошт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат, ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.