“Дар гулӯяш корд гузоштам…” Боздошти ду ҷавон дар Дӯстӣ барои дуздии пулу телефон

Дар ноҳияи Дӯстӣ ду ҷавон ба хонаи як сокини ин ноҳия даромада, бо таҳдиди куштор 15 ҳазор сомонӣ ва як телефони сеҳазорсомонаро дуздидаанд. Дар ин бора дар “Ахбори ВКД” иттилоъ додаанд. Гумонбаршудагон шаби 4-ум ба 5-уми январи соли равон ба рӯ ниқоби сиёҳ кашида, пулу телефонро азхонаи Нурулло Акрамов ном сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ин […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар ноҳияи Дӯстӣ ду ҷавон ба хонаи як сокини ин ноҳия даромада, бо таҳдиди куштор 15 ҳазор сомонӣ ва як телефони сеҳазорсомонаро дуздидаанд. Дар ин бора дар “Ахбори ВКД” иттилоъ додаанд.

Гумонбаршудагон шаби 4-ум ба 5-уми январи соли равон ба рӯ ниқоби сиёҳ кашида, пулу телефонро азхонаи Нурулло Акрамов ном сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ин ноҳия рабудаанд.

Мақомот аз гумонбаршудаҳо Ғанӣ Зокирҷонович ва Хулозим Саъдуллоев ном бурдааст. Хулозим Саъдуллоев қаблан низ барои ҷинояти дуздӣ суд шуда буд.

Яке аз гумонбаршудагон дар навори видеоии ВКД иқрор шудааст, ки “кордро дар гулӯи соҳибхона монда, тарсонидем, ки маблағи пулиро ба мо диҳад. Ӯ ҷойи пулро гуфт ва мо пулро аз сандуқча гирифта, дар як латта печонидем ”.

Нисбати гумонбаршудагон барои роҳзанӣ ё моддаи 249-и Кодекси ҷиноятӣ барои парванда боз шудааст. Онҳоро аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳоло таҳқиқи ҷузъиёти дигари ҳодиса аз сӯи мақомоти милитсияи вилояти Хатлон идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 5 ҳазору 585 ҷиноят, аз ҷумла 41 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 11 ҷинояти роҳзанӣ, 33 ҳолати ғоратгарӣ ва 2 ҳазору 36 ҳолати дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.