Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид

Date:

Дар ИМА мусобиқаи UFC Fight Night 249 (ё худ UFC Vegas 101) баргузор шуда, дар рақобати аввали он размикори тоҷик Нурулло Алиев ва Ҷо Солетски ба толор баромаданд.

Рақобат дар дараҷаи взани сабук доир гардида, намояндаи ИМА варзишгари исроилии хориҷшуда Янал Ашмозро иваз кард.

Дар натиҷа Нурулло Алиев дар Лас-Вегас дар се раунд бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 29-28) ғолиб дониста шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раунди аввал ба фоидаи Алиев буд, аммо ӯ танҳо ҷараёни рақобатро зери назорат дошт. Бо назардошти ҷараёни муҳориба, раунди дуюм низ бо бартарии Нурулло гузашт, аммо дар раунди сеюм ӯ аллакай хаста шуда буд.

Ба назар мерасид, ки дар раунди сеюм доварон Солетскиро ғолиб эътироф мекунанд, зеро шояд ба Нурулло танаффус ва ҷароҳаташ таъсир мерасонид. Ҳунарнамоии Алиев ба сурати умум хеле суст буд, зеро ҳарифи ӯ ҳамагӣ як ҳафта пеш аз ин рақобат огоҳ шуда буд.

Акнун Нурулло Алиеви 25-сола дар 10 рақобат 10 ғалаба ба даст овард. Солетскии 31-сола дар 16 рақобат бори 6-ум ба бохт дучор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъди рақобат Нурулло Алиев ба ҳамаи ҳайати дастаи худ ва Лигаи UFC барои дастгирӣ пас аз муддати тӯлонии танаффус ва барқарошавӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

«Вақте ки ҷарроҳӣ шудам, хеле нигарон будам. Мураббӣ Нима Мажарӣ ҳар рӯз мегуфт, ки «Нурулло, ту боз ҳам қавитар бармегардӣ, хавотир мабош». Мо бо мураббии бокс Артём Кузминов тамрин мекардем. Ба фикрам, пас аз танаффуси тӯлонӣ нишон додам, ки ба чӣ қодир ҳастам. Ҳарифи ман одӣ набуд. Нақшаҳои минбаъда? Агар ҷароҳат нагирам, барои муҳорибаҳои минбаъда омодаам!» — изҳор доштааст Алиев пас аз муҳориба.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нурулло Алиев ва дастаи ӯ

Нурулло Алиев ҳоло боре ҳам шикаст нахӯрда, дар мусобиқаҳо байни ҳавасмандон ду маротиба чемпиони ҷаҳон оид ба панкратион шудааст. Дар мусобиқаҳои касбӣ (ҳирфаӣ) бошад, соли 2018 бори нахуст дар промоушенҳои Русия якчанд рақобат барпо кард ва баъди пирӯзӣ дар Contender Series ба Лигаи UFC даъват шуд.

Дар ин лига рақобати аввалини худро Алиев бо Рафаэл Алвес моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 баргузор намуд. Дар рақобате, ки тамоми вақти ҷудошуда давом кард, Нурулло бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Моҳи ноябри соли 2023 дар буғуми зонуи ӯ ҷарроҳии вазнин сурат гирифта, барои муддати тӯлонӣ аз қувваозмоӣ дур монд, аммо акнун дубора ба толор баргашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...