Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар баробари болоравии нархҳо, баъзе маҳсулот арзон ҳам шуд, масалан шакару тухм. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 дар моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон болоравии нарх ба шир ва гӯшт ба қайд гирифта шуд. Нархи1 литр шир аз 6-9 сомонӣ то 6-10 сомонӣ зиёд шуда, арзиши 1 кило гӯшт аз 70-80 сомонӣ то […]

Дар баробари болоравии нархҳо, баъзе маҳсулот арзон ҳам шуд, масалан шакару тухм.

Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 дар моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон болоравии нарх ба шир ва гӯшт ба қайд гирифта шуд. Нархи1 литр шир аз 6-9 сомонӣ то 6-10 сомонӣ зиёд шуда, арзиши 1 кило гӯшт аз 70-80 сомонӣ то ба 80-90 сомонӣ боло рафт.

Нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ тағйир наёфт. Масалан, арзиши 1 кило биринҷ дар сатҳи 15-25 сомонӣ ва 1 дона тухм – 1,4 сомонӣ боқӣ монд. Дигар маҳсулот, аз ҷумла 1 кило картошка ва карам низ мутаносибан 5-7 сомонӣ ва 4-6 сомонӣ нарх доранд.

Арзиши 1 кило анор низ дар ҳудуди 25-30 сомонӣ боқӣ монд.

Ҳамзамон, поинравии нархи як қатор маҳсулот, аз ҷумла орду макарон, шакар, тухм, равғани растанӣ, пиёз, сабзӣ, себ, ангур ва лимӯ (лимон) ба қайд гирифта шудааст.

Дар инфографикаи мазкур нархҳо ба ҳисоби миёна дар саросари ҷумҳурӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.