Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад. Ин пешниҳод рӯзи 4 феврал дар шаҳри Кувайт зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувайт Сауд Ал-Сабоҳ садо дод. Тавре ки дар сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ […]

Asia-Plus

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад.

Ин пешниҳод рӯзи 4 феврал дар шаҳри Кувайт зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувайт Сауд Ал-Сабоҳ садо дод.

Тавре ки дар сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, дар робита ба ин аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла энергияи сабз, инфрасохтори авиатсионию сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ, лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Гуфта мешавад, дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва таҳияи механизми амалишавии лоиҳаҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ба ҳайати Тоҷикистон, ки бо сафар дар Кувайт қарор дорад, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода (роҳбари ҳайат), сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдзода, муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Худобахш, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода, мудири бахши хориҷаи дури Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Баҳодур Рамазонов шомиланд.

Ҳамчунин дар ин ҳайат муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода, муовини директори Агентии содирот Абдуғаффор Ҷамолзода, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷовид Икромӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ёрибек, инчунин сардори шуъбаи Африқои Раёсати Ховари Миёна ва Африқои ВКХ Низомҷон Шарифзода ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои ҳайати расмии Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Кувайт идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар изҳори омодагӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон маблаггузорӣ менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.