Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?

Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ оид ба мубориза бо фасод ва таҳқиқи сатҳи ришвахорӣ дар саросари дунё – Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) Шохиси дарки фасодро нашр кард. Вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст? Шохиси дарки фасодкорӣ 180 кишвари дунёро фаро гирифта, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сатҳи фасод дар бахши давлатии кишварҳо мебошад. Натиҷаҳо аз рӯи ҷадвали […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ оид ба мубориза бо фасод ва таҳқиқи сатҳи ришвахорӣ дар саросари дунё – Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) Шохиси дарки фасодро нашр кард. Вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?

Шохиси дарки фасодкорӣ 180 кишвари дунёро фаро гирифта, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сатҳи фасод дар бахши давлатии кишварҳо мебошад. Натиҷаҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 (сатҳи баланди фасод) то 100 (сатҳи хеле пасти фасод) баҳогузорӣ мешаванд. Радабандӣ бар асоси арзёбиҳои коршиносон ва ҷомеаи соҳибкорон таҳия шудааст.

Кишварҳое, ки камтар аз 50 хол гирифтаанд, ҳамчун давлатҳои фасодзада ҳисобида мешаванд. Дар ин ҳолат холҳо назар ба ҷои ишғолнамудаи кишвар дар радабандӣ аҳаммияти бештар доранд.

Дар соли 2024 Тоҷикистон 19 хол гирифт, ки дар муқоиса бо соли гузашта як хол камтар аст. Ин нишон медиҳад, ки кишвар дар миёни 180 давлат дар зинаи 164-ум қарор дорад.

Дар байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 40 хол (дар ҷойи 88-ум), Қирғизистон – 25 хол (зинаи 146), Туркманистон – 17 хол (ҷойи 165), Ӯзбекистон – 32 хол (мақоми 121) ва Русия бо 22 хол дар мақоми 154-ум ҷойгир шудаанд.

"Фасод дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамоно идома дорад. Нишондиҳандаи миёнаи минтақавӣ дар Шохиси дарки фасоди соли 2024 яке аз пасттаринҳо боқӣ монда, ба сатҳи 35 аз 100 мерасад. Дар кишварҳои гуногун кори сусти ниҳодҳои демократӣ ва риоя нашудани волоияти қонун бо ноустувории доимӣ ва фишорҳои берунӣ боз ҳам шиддат меёбад. Ин ба густариши ришвахорӣ имкон дода, эътимоди ҷомеаро коста, рушди устувор ва чораҳои мубориза бо тағйирёбии иқлимро халалдор мекунад", – менависанд муаллифони Индекс.

Нишондиҳандаҳои бадтарин дар Судони Ҷанубӣ (8 хол), Сомалӣ (9 хол) ва Венесуэла (10 хол) ба қайд гирифта шудааст.

Зинаи аввалро бо 90 хол Дания ишғол намуда,ба сегонаи аввал Финландия (88 хол) ва Зеландияи Нав (84 хол) шомиланд. Зикр мегардад, ки он ба сурати умум соли дуюм пайдарпай коиш меёбад, лекин "аксари роҳбарон на барои некӯаҳволии умумӣ, балки ба манфиати тиҷорат хидмат карда, бисёр вақт қонунҳо хуб риоя намешаванд”.

Фасод ва тағйирёбии иқлим

Муаллифони Шохис зикр мекунанд, ки фасодкорӣ бо тағйирёбии иқлим робитаи мустақим дорад.

"Миллионҳо одам дар саросари ҷаҳон аз оқибатҳои ҷиддии гармшавии глобалӣ ранҷ мекашанд, зеро маблағе, ки барои коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир пешбинӣ шудаанд, дуздида мешаванд ё ғайримақсаднок истифода мегарданд.

Дар баробари ин, ришвахорӣ дар шакли таъсири ғайриқонунӣ ба қабули қарорҳо сиёсати ҳалли буҳрони иқлимро халалдор намуда, ба муҳити зист зарар мерасонад.

Ҳифзи тадбирҳо оид ба сабуксозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он аз фасод, метавонад ин тадбирҳои наҷотбахшро самараноктар гардонида, ба одамони ниёзманд фоида орад", – навиштаанд муаллифон.

Бисёре аз кишварҳое, ки дар Шохиси дарки фасод холди зиёд доранд, барои пешбурди чораҳои зиддифасодӣ дар соҳаи ҳифзи иқлим дар саросари ҷаҳон имконият ва захираҳои кофӣ доранд.

Бо вуҷуди ин, онҳо аксар вақт ба манфиати ширкатҳое, ки ба истихроҷи сӯзишворӣ машғуланд, амал мекунанд.

Баъзе аз ин кишварҳо инчунин ба марказҳои молиявӣ табдил ёфта, сармояҳои ғайриқонуниеро, ки аз ришвахорӣ, харобсозии муҳити зист ва дигар ҷиноятҳо ба даст омадаанд, ҷалб мекунанд. Ҳарчанд Шохиси дарки фасод ин ҷанбаҳоро ба таври мустақим намесанҷад, маблағҳои фасодолуд аз мушкили ҷиддии фасод маҳсуб ёфта, таъсири он аз ҳудуди ин кишварҳо берун меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.