Барои 63 курсии парлумон 220 номзад рақобат мекунанд

Аз ҳавзаи якмандатӣ 152 нафар ҳамчун номзад барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 85 нафар аз ҷониби 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва 65 нафар ҳамчун худпешбар сабти ном шудаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот […]

Asia-Plus

Аз ҳавзаи якмандатӣ 152 нафар ҳамчун номзад барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 85 нафар аз ҷониби 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва 65 нафар ҳамчун худпешбар сабти ном шудаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмуъ аз ҳавзаи якмандатӣ (6 ҳизби сиёсии кишвар ва тариқи худпешбарӣ) 152 номзад барои ширкат дар интихобот номнавис шуданд:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) – 52 нафар;

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) – 18 нафар;

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) – 7 нафар;

Ҳизби комунистии Тоҷикистон (ҲКТ) – 4 нафар;

Ҳизбии сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) – 3 нафар;

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) – 3 нафар;

Номзад ба интихоботи парлумонӣ ба таври худпешбарӣ – 65 нафар.

Илова бар ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) 68 номзад аз 6 ҳизби сиёсии кишварро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта ба онҳо иҷоза дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии парлумон вориди корзори интихоботӣ шаванд.

КМИРТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ бо таносуби зерин номзадҳои ҳизбҳоро ба қайд гирифт:

Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата интихоб мешаванд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.

Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, раванди таблиғи номзадҳо идома дорад.

Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.

ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.

Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио